Варзиш

Нияти нек

Футболро бозии миллионҳо меноманд. Ин бесабаб нест. Он бозии шавқовар буда, байни намудҳои варзиш дар ҷойи аввал меистад.
Ҳоло дар соҳаи спорт яке аз масъалаҳои муҳим ин ривоҷи футболи бачаҳо ва тайёр намудани футболбозони боистеъдод ба ҳисоб меравад.
Ҷамоаи футболи бачагонаи назди Мактаби варзишии бачаҳо ва наврасони рақами 1-и шаҳраки Ҷумъаи ноҳияи Пастдарғам яке аз дастаҳои шинох­таи вилоятамон мебошад. Онҳо соли 2018 дар мусобиқаи вилоятӣ байни бачаҳо ҷойи якумро гирифта буданд. Инчунин, соли гузашта дар мусобиқаи вилоятии «Ҷоми прокурор» соҳиби ҷом шуданд.
Имрӯзҳо футболбозони хурдсол бо сарпарастии мураббӣ – Содиқ Худойбердиев ба мусобиқаҳои бачагонаи ноҳиявию вилоятӣ омодагӣ мебинанд.
– Дар ҷамоа беш аз 20 нафар футболбози наврас (12-15-сола)-ро тарбия менамоем. Ба онҳо асрори бозиро меомӯзонем. Шавқу ҳаваси бачаҳо ба футбол баланд аст, – гуфт мураббии ҷамоа С. Худойбердиев. – Дар байни онҳо Руслан Холмаматов, Дамир Сироҷиддинов барин бозингарони хуб ҳастанд. Орзуи шогирдонам дар сафи клубҳои «Пахтакор» ва «Динамо» тӯб рондан мебошад. Ба ояндаи онҳо ман боварӣ дорам.

Ҷамшеди АСРОР,

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ