Мақсад: фароҳам овардани имкониятҳои баробар ба ҳамаи шаҳрвандон

Номзад ба Президентии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз Ҳизби халқӣ-­демократӣ Мақсуда Ворисова дар Барномаи пешазинтихоботии худ ба мақсади мувофиқи мизонҳои баробарии иҷтимоӣ ва хоси демократияи халқӣ бунёд кардани давлат ва ҷамъияти ташаббусҳои зеринро пеш мегузорад:

ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ
– дар мамлакат барҳам додани ҳама гуна нобаробариҳои иҷтимоӣ;
–такмили тартиби ҳисобу китоби нафақа, ба стажи корӣ ҳамроҳ кардани даврони ба парвариши кӯдак вобастаи занон;
–ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони ногиро, таъин кардани нафақа ба шахсоне, ки ногирои гурӯҳ III мебошанд;
–қабул кардани Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ»;
–бо манзилҳои иҷтимоӣ таъмин намудани оилаҳои вазъи иҷтимоиашон душвор.
ТИББИЁТ
–аз ҷониби давлат таъмин кардани хидмати кафолатноки тиббӣ ба аҳолӣ;
–3 баробар зиёд кардани музди меҳнати шифокорон ва 2 баробар зиёд кардани маоши ҳамшираҳо;
–ба дорухона ва муассисаҳои хусусии тиббӣ додани мақоми ташкилоти алоҳидаи иҷтимоӣ;
–қабул кардани қонун бобати ҳифзи шаъну шараф, қадру қимат ва саломатии ходимони тиббӣ.
АНДОЗ, САНОАТ
–ҷорӣ намудани низоми андози аҳолӣ вобаста ба табақабандии даромад;
–қатъиян мустаҳкам кардани назорати давлатӣ ва ҷамъиятӣ бобати ташаккул додани нархи озуқавории асосӣ;
–ворид кардани саноат ба ноҳияҳои деҳотӣ.
ТАЪЛИМ
–ташкил кардани гурӯҳҳои махсуси қабули кӯдакон ба таълими томактабӣ аз 2‑солагӣ;
–дар асоси ройгон ба роҳ мондани нонушта ва истифода аз нақлиёти ҷамоатӣ барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ;
–зиёд кардани миқдори грантҳо барои таълими олӣ.
СУДУ ҲУҚУҚ
–таъмин кардани иштироки шаҳрвандон дар судҳо ба сифати маслиҳатчиёни халқӣ;
–таъмин кардани иштироки ҷомеаҳои васеъ ба тайёр намудани лоиҳаи ҳуҷҷатҳои қонунӣ.

МАКТАБ ВА ТАЪЛИМИ ТОМАКТАБӢ

дар бораи аҳамияти таъмини кафолатноки хонандагон ва тарбиягирандагони онҳо бо хӯроквории босифат
Боймурод ЮСУПОВ,

мудири шуъбаи Шӯрои марказии Ҳизби халқӣ-­демократии Ӯзбекистон
Ба наздикӣ чашмам ба як маълумот расид. «Созмони «Mercy Corps» (ташкилоти аз ҷониби Вазорати хоҷагии қишлоқи ИМА (USDA) бо маблағ таъминкунанда) дар доираи «Барномаи байналхалқии Макговерн-­Доул таълим ва хӯроквории бачагон дар Ӯзбекистон якҷо бо Вазорати таълими томактабии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва Хидмати санитариву эпидемиологии осоиш ва саломатии ҷамъият меморандуми нодуруст ба имзо расонидааст.
Мувофиқи он барномаи мазкур, ки буҷааш ба 21,5 миллион доллари ИМА баробар аст, беш аз 400 муассисаҳои таълими томактабиро бо хӯрокворӣ таъмин мекунад, ҳамчунин барои таълим гирифтани 90 ҳазор нафар бачагони 245 адад муассисаҳои таълимии деҳот ва камтаъмини таълими томактабии Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон ва вилояти Сурхондарё инкишоф додани инфрасохторҳои иловагиро дар назар дорад.
Баъди хондани хабари мазкур хурсанд шудам, ки барои бачагони таълими томактабӣ кори хуб шудааст, вале ин хурсандии ман дер давом накард, зеро ба эзоҳоти як нафар истифодабарандаи шабакаҳои иҷтимоии фейсбук назарам афтод. Дар ин эзоҳ чунин гуфта шудааст: «Як ҳамсояи ҳамкори ман ҳар рӯз одати ба яхдони ӯ муваққатан гӯшт гузоштанро пайдо кардааст. Гӯштҳои беравған ва беустухон. Ба ӯ як-ду бор аз ин гӯшт хариданро таклиф ҳам кардааст.
Гумон кардам, ки ӯ дар яхдони худ ҷой пайдо карда натавониста аз яхдони ҳамсоя истифода мебарад, агар ба фурӯхтан эҳтиёҷ пайдо шавад, мефурӯшад.
Ҳамкасбам баъди пурсишҳо аниқ кард, ки он шахс дар кӯдакистони ҳамсоя ошпаз будааст. Бинобар ин, ба ҳамсараш таъин кардааст, ки ба он ҳамсоя дигар барои гӯштгузорӣ дар яхдон рухсат надиҳад.
Зуд-зуд мешунавам, ки падару модарон ва бачагон аз таомҳои кӯдакистонҳо шикоят мекунанд. Гӯштҳо то ба кӯдакистонҳо расидан аз чандин зинаҳо мегузаранд ва ба хӯроки бачагон фусурда, беравған ё устухон шуда илова мешаванд.
Акнун тасаввур менамоям, аз кӯмакҳое, ки аз Амрико мерасанд, киҳо хурсанд мешаванд ва чӣ миқдори онҳо ба манфиати бачагон истифода мегарданд».
Кас намедонад вобаста ба ин эзоҳ чӣ гӯяд, асаби инсон ба ин ҳама тоб оварда наметавонад. Зеро насибаи кӯдаконеро, ки мо ҳамчун соҳиби ояндаи худ тарбия мекунем, медузданд, ходимони бевиҷдони муассисаҳои таълими томактабӣ маҳсулоти барои бачагон ҷудошударо ба хонаҳои худ мекашонанд, ба онҳо сухане асар намекунад.
Инсон фарзанди худро ройгон ба кӯдакистон намегузорад, барои ӯ ҳар моҳ маблағи муайяншударо месупорад, умед мекунад, ки кӯдакаш дар ин ҷо ягон чизро меомӯзад. Аммо ҳолатҳое, ки дар боло зикр кардем, дили одамро хира мекунанд, нисбати сиёсате, ки амалӣ мешавад, кайфияти нобовариро ба миён меоваранд. Агар ходими оддии кӯдакистон ба чунин кирдори разил даст занад, яқин аст, ки амалдорони низом ба «корҳо»-и бештар аз он даст мезананд.
Агар боз ба мавзӯъ бозгардем, маълум аст, ки маҳсулоти хӯрокворӣ манбаи нирӯи организми инсон мебошанд, сари вақт, бомеъёр ва мувофиқи синну сол таомхӯрии ҳар як инсон аҳамияти муҳим дорад. Аз ин рӯ барои ҳам ҷисмонан ва ҳам маънаван инкишоф ёфтани бачагон аҳамияти маҳсулоти хӯрокворие, ки онҳо истеъмол мекунанд, беқиёс аст. Мувофиқи фикри мутахассисон, агар миёни ғизои хӯрокворӣ ва кори организм мувозинат нигоҳ дошта шавад, инсон сиҳату саломат ба воя мерасад. Бинобар тадқиқот организми кӯдакони синни томактабӣ зуд ба камол меёбад, ташаккулёбии узвҳои бадан давом мекунад, ҷараёнҳои дигаргунӣ босуръат воқеъ мегардад. Дар ин айём низоми асаби марказӣ босуръат инкишоф меёбад. Дар поёни даврони таълими томактабӣ дар бачагон ҷараёни муваффақ шудан ба тамоми ҳаракатҳои асосӣ, ҳамчунин нутқи онҳо инкишоф меёбад. Ин бошад аз онҳо фаъолнокӣ ва истифодаи ғайрати зиёдро тақозо менамояд. Рушди организми кӯдак барои сохтори ҳуҷайраҳо моддаҳои зиёд, дар навбати аввал сафеда, витамин ва минералҳоро талаб мекунад. Бинобар ҳамин, чӣ гуна хӯрокхӯрии кӯдаконе, ки вақти зиёдашон дар муассисаҳои таълими томактабӣ мегузарад, хеле муҳим мебошад.
Баробари ин, истеъмоли хӯроки серғизо ба бачагони синни томактабӣ барои аз ҳар ҷиҳат камол ёфтани онҳо шарти муҳим шумурда мешавад. Айнан дар ҳамин давр обутоби организми инсон ва ташаккули он ба назар мерасад. Барои таъмин кардани ин ҷараёнҳои мураккаб таркиби хӯроки бачагони синни мактабӣ бояд аз модда ва витаминҳои серғизо ғанӣ бошад, онҳо бояд маҳсулоти аз ҳар ҷиҳат биологӣ истеъмол кунанд. Бинобар ҳамин, ҳам мо бояд ба назорати чи гуна хӯрок хӯрдани хонандагон дар ошхонаи мактабҳо эътибори ҷиддӣ диҳем.
Дар айёми наврасӣ бисёр бемориҳо бинобар таомхӯрии нодуруст ба миён меоянд. Дар ин синну сол истеъмоли чизбургер, гамбургер, хот-дог, чипс бо кола, нӯшокиҳои газдор ва ранга боиси сар задани бемориҳои гуногун мегарданд. Дар ҷараёни тайёр кардани хӯрок ба хатоиҳои дағал роҳ додан, ҳангоми таомпазӣ ба технологияҳои он амал накардан сабаби паст шудани сифати таом, суст гардидани организми бача мешаванд.
Бо назардошти фикрҳои болоӣ таъкид бояд кард, ки дар роҳи таъмини кафолатноки бунёдкорони ояндаи мамлакат – фарзандонамон ҳар кадоми мо масъулем. Мувофиқи фикри файласуфони Юнони қадим «хӯроке, ки инсон мехӯрад, ба қисмати ӯ низ таъсир мекунад».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ