Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад…

Чунин ном дошт ҳамоиши адабию фарҳангие, ки имрӯз бахшида ба бузургдошти падари шеъри форсӣ Абулҳасан Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва осори гаронбаҳои ӯ дар Боғи истироҳатии ба номи Алишер Навоии шаҳр гузаронида шуд.
Тадбир дар ҳамкории Донишгоҳи давлатии Самарқанд, шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Маркази миллӣ-­фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят ва таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» ташкил гардида, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, шоиру нависандагон, профессор-­устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ, дӯстдорони каломи бадеъ ва ҳунарпешагон иштирокдорони ҳамоиш буданд.
Тадбирро доктори фанҳои филологӣ, профессор Ҷумъа Ҳамроев ифтитоҳ бахшид. Дар идомаи тадбир ҷонишини ҳокими вилоят Х.Очилов, сарвари шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, сенатор Ф.Тошев, устоди донишгоҳи давлатии Самарқанд, олими адабиётшинос, профессор С.Саъдиев, раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят А.Маҳмудов, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқнад» Б.Раҳмонов, эҷодкорон А.Қамарзода, Н.Каримзода, А.Шукуров баромад карданд ва дар бораи рӯзгору осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, мавзӯъ ва мундариҷаи ашъори шоир, забони равон ва дилнишини шеърҳо, мавқеи Рӯдакӣ дар рушди адабиёти форсу тоҷик ва нуфузи ҷаҳонии ин устоди сухан ҳарф заданд.
– Дар бақову пойдории забони модарии мо саҳми Сардафтари адабиёти классики тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ниҳоят калон аст, – гуфт устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд С. Саъдиев. – Рӯдакӣ барои тамоми шоирони адабиёти тоҷику форс мақоми сарвариро дорад, бинобар ин ҳама ҷо аз ӯ ба унвонҳои «одамушшуаро», «устоди сухан», «устоди шоирон», «устоди Аҷам» бо муҳаб­бату ихлос ва эҳтиром сухан гуфтаанд.
Дар идомаи тадбир доир ба омӯхтани осори шоир дар замони муосир, корҳои илмие, ки дар ин самт анҷом дода мешаванд, сухан рафт. Зикр гашт, ки дар замони имрӯз баҳра бардоштан аз панду ҳикматҳои Рӯдакӣ ва онро дар зиндагӣ мавриди истифода қарор додан аҳамияти бештар пайдо кардааст. Онҳо роҳнамои омӯзиши ҳаёт ва одамият мебошанд, ҷавононро ба омӯхтани илму дониш, биниши тоза, ватандӯстию худшиносӣ, некию фазилат, дӯстию бародарӣ ва накӯкорӣ раҳнамоӣ мекунанд.
– Ашъори Рӯдакӣ саршор аз панду андарз, даъват ба некиву накӯкорӣ, донишандӯзиву меҳнатдӯстӣ аст, – мегӯяд донишҷӯи факултети филологияи донишгоҳ Далершоҳ Неъматов. – Яке аз мавзӯоти муҳими ашъори шоир андӯхтани илму дониш буда, Рӯдакӣ бо лафзи ҳакимонаи хеш одамонро ба омӯзиши илму дониш ва рӯ овардан ба маърифат даъват мекунад, илму донишро равшании дил, чароғи ақлу хирад меномад. Бинобар ин, инсонияти бохирад дар тамоми давраҳои таърихи зиндагии худ дар ҳар ҷо ва ҳар шароит ҷидду ҷаҳд намудааст, ки бо ҳар роҳ, бо ҳар забон дониш омӯхта, сарбаланд гардад. Имрӯз шоҳбайти «Дониш андар дил чароғи равшан аст, В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст», вирди забони ҳамагон мебошад ва аксар онро шиори зиндагии худ кардаанд.
Баромади санъаткорон ва қироати шеъру ғазалҳои шоир аз ҷониби донишҷӯён тадбирро шукӯҳи идона бахшид.
Мухбири рӯзнома.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ