Дипломатҳои туркман хабари дар кома будани президентро шарҳ доданд

Хабарҳо дар мавриди бад шудани вазъи саломатии кишвардори Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов беэътимод ва дур аз воқеят аст.
Дар ин бора ба хабаргузории РИА Новости сафорати Туркманистон дар шаҳри Маскав хабар дод.
Қаблан дар аксар расонаҳо хабарҳо пайдо шуданд, ки гӯё Бердимуҳаммадов дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад.
Аммо намояндагии дипломатии Туркманистон дар Русия гуфтааст, ки «хабарҳои як қатор расонаҳо дар бораи бад шудани вазъи саломатии Президент,…. комилан беэътимод ва дурӯғ аст».
Ба маълумоти намояндагӣ, рӯзи гузашта Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҷаласаи васеъ баргузор кард. Департаменти дипломатӣ инчунин шарҳ дод, ки «маълумот дар бораи рӯйдодҳои ахир бо иштироки президенти Туркманистонро метавон дар вебсайти turkmenistan.gov.tm дастрас кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ