Коронавирус: чанд навид аз чанд гӯшаи ҷаҳон

Иммунолог Сай Редди – таҳлигари Мактаби олии техникии Сюрих ҳушдор медиҳад, ки соли 2022 як штамми басо хатарноки коронавирус зоҳир мешавад. Ин метавонад оғози ҳамагирии нав бошад, ки марговартар аз пешин аст.

Одамоне, ки гирифтори зуком мешаванд, ба коронавирус сироят намешаванд. Дар ин бора аъзо-корреспонтенти Академияи илмҳои Русия Пётр Чумаков изҳори назар кардааст.

Олимони Исроил мегӯянд дозаи сеюми воксани зидди коронавирус организмро аз штамми “Делта” ҳифз мекунад. Пажӯҳишҳо дар ин кишвар нишон додаанд, ки самароварии воксанҳо баъди шаш моҳ ба заъф мегароянд, аз ин рӯ Вазорати тандурустии ин кишвар ба қароре омадааст, ки одамони аз синни 12-сола боло дозаи сеюмро ҳам бигиранд.

Британияи Кабир аз 4-уми октябри соли равон вуруди шаҳрвандони хориҷие, ки худро пурра эм кардаанд, сода мекунад, аз ҷумла воксингирифтагон аз Русия низ метавонанд бе монеъа ворид шаванд. Ҳамчунин дар ин кишвар кӯдаконро низ бе маслиҳату машварат бо волидонашон зидди коронавирус эм мекунанд. Ҳоло дигар розигии волидонро касе намепурсад, агар худи кӯдак майл ба воксангирӣ кунад.

Дар Фаронса 67% аҳолӣ пурра воксан гирифтаанд. Дар ин кишвар чандин ҳазор духтуронеро, ки аз воксан гирифтан худдорӣ мекарданд, аз кор барканор намуданд.

Ҳинд эълон кард, ки дарҳои худро барои гардишгарони хориҷӣ боз мекунад.

Беш аз 50% сокинони Эрон ҳаддиақал як доза ва 17% ду дозаи воксани зидди коронавирусро гирифтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ