COVID-19: дар ҷаҳон шумораи гирифторон аз 230 миллион нафар афзуд

Бино ба омори Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА то субҳи имрӯз, 23 сентябри соли 2021 дар олам 230 миллиону 947 ҳазору 956 нафар гирифтори коронавирус Covid-19 шуда буданд. Зарафи шабонарӯзи гузашта 280 ҳазору 169 нафар чун мубталои нав сабт шуд. Теъдоди фавтидагон ба 4 миллиону 734 ҳазору 237 нафар расид ва зарфи 24 соати сипаришуда 5 845 нафари дигар аз ин бесорӣ ҷони худро аз даст доданд. Ин манбаъ шумори пурра шифоёфтагон дар оламро 207 миллиону 645 ҳазору 879 нафар эълон кард.
Дар се кишвари олам, ИМА, Ҳинд ва Бразилия теъдоди мубталоён аз 20 миллион нафар беш аст. Аз ҷумла дар ИМА 43 404 846 нафар, дар Ҳинд 33 миллиону 531 ҳазору 498 нафар ва дар Бразилия 21 миллиону 247 ҳазору 94 нафар ба ин вирус гирифтор шудаанд.
Дар ИМА аз аввали ҳамагирӣ 699 748 нафар, дар Ҳинд 445 ҳазору 768 нафар ва дар Бразилия 591 ҳазору 440 нафар аз COVID-19 ҷон бохтаанд.
То ба имрӯз дар саросари олам 5 миллиарду 964 ҳазору 852 дозаи ваксинаи зидди коронавирус тақсим карда шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ