Нишасти С5+1 дар Ню Йорк баргузор шуд

Дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк 22 сентябр бо ташаббуси ҷониби амрикоӣ нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори қолаби “С5+1” баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва котиби давлатии ИМА ширкат варзиданд.

Дар ҳамоиш ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон табодули назар намуданд.

Дар вохӯри масоили мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду чолишҳои амниятӣ баррасӣ шуд.

Дар ин росто вазирон ба зарурати тақвияти ҳамкориҳо ва иқдомҳои ҳамоҳангшудаи муштарак байни кишварҳои минтақа таъкид карданд.

Бино ба маълумоти ВКХ Ӯзбекистон, вазирон оид ба масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, рафъи оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии пандемияи COVID-19 табодули афкор намуданд.

Роҳбарони ҳайатҳо вазъи Афғонистонро баррасӣ карда, ба нафъи расонидани кӯмак ба мардуми афғон барои пешгирии бӯҳрони башардӯстона, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, ки ба ҳамгироии ин кишвар ба равандҳои иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунанд, изҳори назар карданд.

Онҳо махсусан ба зарурати муттаҳид кардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо чолишҳои умумӣ ва таҳдидҳо ба суботу амнияти кишварҳои минтақа таъкид карданд.

Дар поёни нишаст изҳороти муштарак қабул шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ