Шавкат Мирзиёев фарзандони бузурги Самарқандро ба хотир овард

Самарқанд яке аз бузургтарин марказҳои таърихӣ ва фарҳангии давлатдории миллии мо буда, мақоми пойтахти қадимиро дорад. Ин шаҳри бостонӣ ва беҳамто дар таърихи Ӯзбекистон, дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии имрӯзаи мо мавқеи хос дорад.
Дар илму фанни ҷаҳон ибораи «Рум дар Ғарб, Самарқанд дар Шарқ» беҳуда пайдо нашудааст.
Бахусус, дар замони Соҳибқирон Амир Темур, шӯҳрати Самарқанд ба тамоми ҷаҳон паҳн шуд.
Дар сарзамини Самарқанд қадамҷои даҳҳо ва садҳо аҷдодони бузурги мо — саркардаҳои машҳур ва арбобони давлатӣ, олимон ва мутафаккирон мавҷуд.
Зиёратгоҳ, мақбараи Аввалин Президенти мо, ходими барҷастаи давлатӣ ва сиёсатмадор Ислом Каримов низ дар ин ҷо мебошад.
Нақш ва мақоми Самарқанд дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии мо, хусусан дар солҳои охир, меафзояд.
Пойтахти қадимии мо ба ҳамоишҳои бузурги байналмилалӣ, конфронсҳои сершумори илмӣ ва фарҳангӣ бо иштироки сиёсатмадорон, олимон, ходимони фарҳангӣ ва динӣ мизбонӣ мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ