Варзиш

Шаҳром Ғиёсов чемпиони собиқи ҷаҳонро бо як зарба ба нокаут расонд

Шаҳром Ғиёсов, боксёри Ӯзбекистон, ки дар вазни сабуки то 63,5 кило ҳунарнамоӣ мекунад, шаби гузашта дар аренаи “Сентро де Усос Мултиплес”-и шаҳри Эрмосилиои Мексика камари чемпионии WBA International-ро ҳимоя кард.Ғиёсов дар ин шаб бо Дарлис Переси колумбияӣ, қаҳрамони собиқи ҷаҳон рӯбарӯ шуд. Ин рақобати 10-раундӣ буд, ки Шаҳром онро дар раунди нахустин бо як зарба ба поён расонд. Муштзани Ӯзбекистон дар сонияи 30-вум бо зарбаи дасти чапаш рақиби худро аз по афтонд.Ин нӯҳумин ғалабаи Шаҳром Ғиёсов дар бокси ҳирфаӣ буд. Ӯ ҳафттои ин ғалабаҳоро бо нокаут анҷом додааст.Дарлис Перес, ки даҳ сол боз дар бокси ҳирфаӣ муштзанӣ мекунад, солҳои 2014-2015 дар радаи WBA-и вазни сабуки то 61,2 кило се бор камари чемпионии муваққатиро касб карда буд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ