Дар фестивали достонсароён шоҳҷоизаро кӣ гирифт?

Рӯзҳои 17 то 21-уми сентябр дар шаҳри Нуқуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фестивали дуюми байналмилалии достонсароён баргузор гардид, ки дар он ҳунармандони маъруфи навъи ҳамосасароӣ аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Урдун, Озарбойҷон, Македония, Мадагасгар, Сербия, Русия (ҷумҳуриҳои Тува ва Ёқутистон) ва Туркия бо барномаҳои ҷолиб иштирок намуданд.
Тайи се рӯз аъзои ҳайати ҳакамони байналмилалӣ ба мазмуну мундариҷаи сурудҳои ҳунармандон ва сатҳи ҳифзи мероси қадимии мардумони манотиқи мухталифи олам баҳо гузоштанд.
Шоҳҷоизаи фестивал насиби бахшии ҷавон аз Қароқалпоқистон Ҷонибек Пиёзов гардид, ки воқеан бо сози қадимии Қобиз достони машҳури Алпомишро бо маҳорати баланд иҷро кард.
Дар доираи фестивал ҳамчунин конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд, ки дар он олимони зиёди кишварҳои ҷаҳон иштирок намуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ