Нақшаи панҷсолаи рушди вилояти Самарқанд муайян гардид

Дирӯз дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд номзад ба мақоми Президентии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз Ҳаракати тадбиркорон ва корчаллонҳо – Ҳизби либерал-­демократии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо интихобкунандагони самарқандӣ вохӯрд.
Дар тадбир, ки дар шакли видеоанҷуман, дар ҳоли пайвастан бо студияҳои шаҳру ноҳияҳо баргузор шуд, фаъолони шӯроҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва шӯроҳои маҳаллӣ, пирамард ва пиразанҳои нуронӣ, ҳунармандон, варзишгарон, фаъолони маҳаллаҳо, зану духтарон, ҷавонон ва кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.
Тадбирро шахси бовариноки номзад дар вилояти Самарқанд, ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Рустам Холмуродов ифтитоҳ бахшид. Сипас, Шавкат Мирзиёев ба сухан баромада, роҷеъ ба барномаи пешазинтихоботӣ ва корҳое, ки дар панҷ соли оянда дар вилоят амалӣ мегарданд, сухан кард.
– Самарқанд яке аз бузургтарин марказҳои таърихӣ ва фарҳангии давлатдории миллии мо буда, мақоми пойтахти қадимиро соҳиб аст. Ин шаҳри бостонӣ ва беҳамто дар таърихи Ӯзбекистон, дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии имрӯзаи мо мавқеи хос дорад, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Бахусус, дар солҳои охир мавқеъ ва мақоми Самарқанд дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии мо меафзояд. Ҳоло дар вилояти Самарқанд дар радифи дастовардҳо, мушкилоти зиёде мавҷуданд, ки бояд ҳал шаванд.
Яке аз масъалаҳои муҳимтарини вилоят – беш аз 170 ҳазор нафар аҳолӣ ба ҷойи кори доимӣ ниёз доранд, қариб 65 ҳазор оила манбаи доимии даромад надоранд.
Дар баробари ин, дар панҷ соли оянда ба бозори меҳнат ворид гардидани 200 ҳазор ҷавононро бояд ба ҳисоб гирем.
Масъалаи дуввуми муҳим он аст, ки Самарқанд сераҳолитарин ҳудуди кишвар буда, дар тӯли панҷ соли оянда ба 4,5 миллион нафар мерасад. Барои онҳо шароити хуби зиндагиро фароҳам овардан лозим аст.
Аммо ҳоло 1,6 миллион нафар аҳолии вилоят бо оби мутамаркази ошомиданӣ таъмин нагардидаанд ва 6 ҳазор километр роҳҳои дохилӣ дар вазъи таъмирталабанд.
Аз сабаби кӯҳна шудани шабакаҳои барқӣ, таъминоти барқ дар вилоят яке аз мушкилоти ҷиддии ҳам аҳолӣ ва ҳам тадбиркорон боқӣ мемонад.
Масъалаи сеюм – новобаста аз мавҷудияти имкониятҳо, саноат дар шаҳру ноҳияҳо бо як маром рушд намекунад. Бахусус, дар ноҳияҳои Қӯшработ, Нуробод ва Оқдарё, ки аз ашёи хом бой мебошанд, инкишофи саноат хеле қафо мондааст.
Масъалаи чорум дар он аст, ки аз имкониятҳои кишоварзии вилоят пурра истифода намешавад. Имкониятҳои меваю сабзавоткорӣ ва токпарварии Булунғур, Ҷомбой, Самарқанд, Ургут ва чорводории ноҳияҳои Нуробод ва Қӯшработ пурра истифода намешаванд.
Масъалаи панҷум – дар баъзе аз ҳудудҳои вилоят сохторҳои ҳифзи тандурустӣ ва таълим бо сарбории барзиёд кор мекунанд.
Афзунсозии иқтидори объектҳои ҳифзи тандурустӣ ва ба таври замонавӣ таҷҳизонидани онҳо талаб карда мешавад.
Шавкат Мирзиёев бар асоси ин масъалаҳо дар бораи корҳое, ки дар панҷ соли оянда дар вилоят анҷом дода мешаванд, сухан кард. Нақшаҳо доир ба рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят маълум карда шуданд.
Зикр гашт, ки бо таъсиси 450 ҳазор ҷойи нави корӣ ду баробар кам кардани камбизоатӣ вазифаи устувор ва мақсади асосӣ мебошад. Дар давоми панҷ соли оянда дар вилоят татбиқи беш аз 5500 лоиҳаи сармоягузории хурду калон бо арзиши 8 миллиард доллар пешбинӣ шудааст.
– Ба нерӯи пурзӯри халқамон такя карда, дар роҳи мақсади ягона ва бузург муттаҳид шуда, мо Самарқандро аз нав ба сайқали рӯи замин табдил медиҳем, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Халқи мо, ки дар таърихи пуршарафи худ шаҳрҳои бузург, давлатҳои бузург ва тамаддунҳоро созмон додааст, барои ин аз ҳар тараф қодир ва аз ҳар ҷиҳат муносиб аст.
Дар идомаи вохӯрӣ намояндагони соҳаҳои гуногун ба сухан баромада, роҷеъ ба барномаи пешазинтихоботии номзад фикру мулоҳизаҳои худро гуфтанд ва шаҳрвандонро ба иштироки фаъол дар интихобот даъват карданд.


Дирӯз Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев сафари худро ба вилояти Самарқанд аз зиёрати маҷмӯи Ҳазрати Хизри шаҳри Самарқанд ва мақбараи Аввалин Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Ислом Каримовро оғоз намуд. Аз Қуръон қироат карда шуд.
Сипас, дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд вохӯрӣ бо интихобкунандагони самарқандӣ баргузор гардид.
Сипас, Президент Шавкат Мирзиёев ба маҳаллаи «Шарқ тонги»-и шаҳри Самарқанд ташриф оварда, ба хонадони сокини маҳалла Абдунабӣ Абдунасимов даромад, бо шароити онҳо шинос гардида, сӯҳбат кард.
Абдунабибобо дар соҳаи тандурустӣ кор карда, ба нафақа баромадааст. Ҳамроҳи ҳамсараш Гулчеҳрамомо панҷ нафар фарзандро тарбия карда, ба камол расонданд. Ҳоло ӯ дар иҳотаи фарзандон, набераҳо ва абераҳояш хушнудона умр ба сар мебарад.
Собиқадорони меҳнат дар бораи ҳаёти оилавӣ, фарқи байни дирӯз ва имрӯз сухан ронданд.
– Пештар тамоили давлат, ҷомеа ва инсон вуҷуд дошт. Акнун мо инсон, ҷомеа ва давлат мегӯем. Қадри инсониро дар мадди аввал мегузорем. Тамоми мақомоти иҷроия бо зерсохтори иқтисодӣ ба сохтори поин фаромада, ба одамон кӯмак мекунанд. Ҳамзамон, худи шаҳрвандон ҳам бояд ҳаракат кунанд ва аз шароитҳо босамар истифода баранд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ҳангоми бозгашт бо нурониён, фаъолони маҳалла сӯҳбати самимона анҷом дод. Онҳо гуфтанд, ки дигаргуниҳо дар кишвар, дар шохаҳои иқтисодӣ дар ҳар як шаҳру ноҳияи мамлакат эҳсос мешаванд.
– Солҳои охир ба туфайли талошҳои мо дар ҳокимиятҳо буҷети маҳаллӣ пайдо шуд. Ин пештар набуд, – гуфт Президент. – Мо нақша дорем, ки акнун дар маҳаллаҳо буҷет ташкил кунем. Тасаввур кунед, ки агар маҳалла пули худро дошта бошад, чӣ гуна тағйир меёбад – роҳи худро таъмир мекунад, об мебиёрад, раста мекушояд. Дар оянда ба маҳалла пул ҳам медарояд, талаб ҳам дигар мешавад.
Нурониён ба кишвар оромӣ, ба дастархони мардум фаровонӣ таманно намуда, дуо карданд.
Инчунин, дар доираи ташриф мақбараи Имом Бухориро зиёрат кард. Оятҳои Қуръон хонда шуданд.
Ба Сарвари давлат дар бораи корҳои созандагие, ки дар маҷмаа анҷом дода мешавад, маълумот дода шуд.
Бо ҳамин сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба Самарқанд ба анҷом расид.

Баҳодур РАҲМОНОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ