МАН ЧАРО БА ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОВОЗ МЕДИҲАМ?

Ҳаракати соҳибкорон ва корчаллонҳо – Ҳизби либерал-­демократии Ӯзбекистон ба сифати номзад ба Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро тасдиқ намуд. Ва маълум шуд, ки киҳо ба сифати номзад дар интихобот иштирок менамоянд. Имрӯз имкон ҳаст, ки аз байни номзадҳо якеро интихоб намоем. Агар онҳоро муқоиса кунем, ошкор мегардад, ки Шавкат Миромонович Мирзиёев бино ба як қатор фазилату нишондиҳандаҳо, таҷриба ва қатъияти худ ба сӯйи мақсад бартарӣ дорад. Ба номзадҳои муқобили дигар низ аз ин интихобот то интихоботи баъдӣ талоши пайгирона, сарвати сиёсӣ ва таҷриба мехоҳам.
Ҳар кас, бино ба сабабу далеле, бо назардошти иқтидори воқеии интихобшаванда, ба ин ё он номзад овоз медиҳад. Ман низ дар мавриди интихоб сабабҳои иҷтимоию сиёсӣ ва ҳатто шахсии худро дорам.

1.Тантанаи адолати таърихӣ
Ман дар деҳаи кӯҳии Ғӯси ноҳияи Ургут ба дунё омадаам. Баъди ақлу ҳушам даромадан, вақте дигарон дар кӯчаю гузарҳо падарамро «Ҳаким босмачӣ» мегуфтанд, ҳайрон мешудам. Дертар, вақте соли 1990 номзадиамро ба депутати Шӯрои олӣ гузоштам, одамони ғаюр ба ман ошкоро даровехтанд, ки «Ин набераи босмачӣ-ку, чӣ хел метавон ӯро ба парлумони шӯравӣ интихоб кард?». Дертар аз кушта шудани бобои падарам Ибодулло қӯрбошӣ огоҳӣ пайдо кардам, падарашонро низ аскарони сурх дар роҳи Испанза парронда будаанд. Дар ман аз модари падарам – момои Зулфия хотираҳо ва як сурат ба ёдгор мондааст. Момоям – Зулфия духтари Ибодулло қӯрбошӣ буд…
Дар аҳди шӯравӣ Қодирию Чӯлпонҳо нимкора сафед карда шуданд. Дертар дар замони бозсозии Горбачёв ба сафед кардани ҷадидон андак саъю кӯшиш ба харҷ дода шуд. Дар давраи истиқлолият, дар ҳоле ки сафедкунии ҷадидон шиддат пайдо кард ва Осорхонаи онҳо созмон дода шуд, бо баҳонаи ин ҷараёни «мураккабу печида»-ро наметавон сафед кард, бойгониҳо аз нав пӯшида шуданд.
8-уми сентябри соли 2020 тибқи фармоиши Президент Шавкат Мирзиёев «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба амиқ омӯхтани мероси қурбониёни солҳои табъид ва абадӣ гардондани хотираи онҳо» бино ба фармоиши раиси Суди олӣ, аз 9-уми феврали соли 2021, бо мақсади ба амал татбиқ намудани масъалаи сафед кардани қурбониёни солҳои табъид ва абадӣ гардондани хотираи онҳо, ки ба сабабҳои маълум реабилитатсия нашудаанд, гурӯҳи корӣ созмон дода шуд. 24-уми феврали соли 2021 ба Суди олӣ 6 кори ҷиноятии нисбати 115 шахс расида, аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҳаллу фасл гардид.
Дар корҳои ҷиноии мазкур мавҷуд набудани баённомаи маҷлиси суд ё ҳуҷҷатҳои суд (ҳукм ё қарор), танҳо вуҷуд доштани нусхаи баённомаи маҷлиси сенафараи идораи давлатии сиёсии муттаҳид ошкор гардидааст.
Кори ҷиноие, ки 25-уми августи соли 2021 таҳти раёсати ҷонишини раиси Суди олӣ Икром Муслимов дар маҷлиси кушоди суд таҷдиди назар гардид, протестҳо қонеъ гардонда шуданд. Дар асоси моддаи 83‑юми КҶ тартиботи мурофиаи суд 115 нафар шахс бино ба 6 кори ҷиноӣ сафед карда шуданд. Дар ҷараёни суд адвокат Маъруф Алиев қайд намуд: «Шахсоне, ки корҳояшон мавриди назар аст, бо тамғаи «босмачӣ» ҳабс ва ноҳақ парронда шудаанд. Онҳо дар Ватани худ умр ба сар бурда номи босмачиро гирифтаанд, магар босмачӣ аз хориҷи кишвар зер карда намеояд?».
Ягон роҳбари мамлакат то давраи истиқлол ва дар тӯли 25 соли истиқлолият барои сафед кардани «босмачиён» ҷуръат пайдо накард. Танҳо Шавкат Мирзиёев ба ин кор далерона даст зад.
Ман барои ҳамин ҳам ба ӯ овоз медиҳам ва дар талаби онам, ки Офаридгор ислоҳотро пойдор созад!

2. Эҳтиром ба адабиёт
Рӯзгоре рӯзномае бо номи «Ёзувчи» интишор меёфт. Шодравон Мурод Абдуллоев сармуҳаррири он буд. Тасмим гирифта шуд, ки як тарҷумаам – ҳикояи «Ҳафт ошёна»-и нависандаи модерннигори итолиёӣ Дино Бутссад, ки ягон нашрия чопашро ба ӯҳда намегирифт, дар чор-панҷ шумораи ин рӯзнома рӯйи чопро мебинад. Як шумораи рӯзнома чоп шуду дигар бозистод. Сабабашро аз акои Мурод пурсидам. Гуфт: «Коғаз нест, қарзамон аз ноширон зиёд…» Гуфтамаш: «Раиси Иттиҳоди нависандагон Абдулло Орифов муаллифи суруди давлатӣ мебошад, бар илова, депутат, қаҳрамон… Агар он кас хоҳанд, бо як даҳон гап завод мекушоянд. Хоҳиш кунанд, шояд панҷоҳ-сад тонна коғаз ҷудо мекунанд. Акои Мурод гуфт: «Эҳ, Каримҷон хеле содаӣ-дия. Сиёсатро намедонӣ. Ман вақте ба Абдуллоака гуфтам: ҳеч набошад аз роҳбарони вилоятҳо хоҳиш кунед, ки обунаро зиёд кунанд. Он кас ҷавоб доданд: «Мурод, ман ба ин ҷо барои набаромадани нафаси нависандагон таъин шудаам. Калон медонад, ки ҳизбу ҷунбишҳои гуногун аз байни нависандагон баромадаанд. Аз ин рӯ, то ман дар ин ҷо ҳастам, ягон маҷлис ё интихобот баргузор намешавад. Ту ҳам чор-панҷ шумораи рӯзномаатро барорӣ, кифоя». Воқеан, рӯзнома дигар чоп нашуд, давоми ҳикояро хонанда нахонд.
Ҳамчунин, бинои таърихии Иттиҳоди нависандагон, воқеъ дар кӯчаи Пушкин, ба таври иҷборӣ ба ихтиёри бонки куриёӣ супурда шуд. Созмони эҷодкорон ба чанд ҷо кӯч баст, биное, ки Шароф Рашидов барои нависандагон созонда буд, воқеъ дар рӯ ба рӯйи «Ҳумо арена»-и имрӯза, низ ба ихтиёри Бонки миллӣ супурда шуд.
Танҳо, вақте Шавкат Мирзиёев ба сари ҳокимият омад, барои адибон бинои нав созонд, ба эҷодкорони бехона, бино ба кредити имтиёзнок, хонаҳо ҷудо карда шуданд. Шароити хонаи эҷодии Дӯрмон беҳ гардид. Дар Зомин ва Паркент хонаҳои эҷодӣ бунёд гардиданд. Хулоса, аз имкониятҳое, ки ба аъзои иттиҳодия фароҳам оварда мешаванд, хурсандам.
Чанде қабл дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ садо баланд карда будем, ки «Оё осорхонаи Абдулло Қодирӣ вуҷуд дорад?», «Маҳаллаи «Самарқанд дарвоза» дар арафаи вайроншавист». Бо ташаббуси Шавкат Мирзиёев маҳалла дар ҷойи худ мононда шуд, дар боғ дари осорхонаи Абдулло Қодирӣ низ боз гардид, ба адиби бузургамон ҳайкал гузоштанд. Мактаби эҷодии Абдулло Қодирӣ созмон дода шуд. Ин дигаргуниҳо низ, мисле ки ҳазор сол боз вуҷуд дошта бошанд, аз ёдамон баромад.
Барои хидматҳои беназираш ба адабиёту маънавиятамон ба Шавкат Мирзиёев овоз медиҳам.

3. Сухан дар бораи озодии сухан
Имрӯзҳо намояндаи САҲА бино ба масъалаҳои озодии РАО Тереза Рибейру дар кишварамон анҷуману вохӯриҳо баргузор менамояд. Ин дар тақдири озодии сухан ҳодисаи бузургест.
Огоҳӣ дорем, ки СММ институтҳои байналхалқие, мисли маърӯзагарон бино ба масъалаҳои азиятдидаҳо, дин, комиссар оиди масоили гурезагонро дорад. Узви СММ – Ӯзбекистон маҷбуриятҳои байналхалқиро бар дӯш гирифтааст. Намояндагони СММ, САҲА ва маърӯзагарон ба дунболи ана ҳамин ҳуқуқу озодиҳо меоянд, ки оё риоя мешаванд ё на? Устувории ҳуқуқи байналхалқиро Конститутсияамон эътироф менамояд. Вале дар тӯли чоряк аср ба ворид шудани ягон маърӯзагар, аз ҷумла, маърӯзагар оиди озодии сухан, ба Ӯзбекистон роҳ дода нашудааст. Ва танҳо баъди ба сари ҳокимият омадани Шавкат Мирзиёев дари Ӯзбекистон ба рӯйи ҳамаи намояндагон ва маърӯзагарон кушода шуд. Хатову камбудиҳоямонро эътироф менамоем, дар якҷоягӣ роҳи ислоҳи онҳоро меҷӯем. Суботу қатъият дар озодии сухан қисми асосии таркибии сиёсати нав ва яке аз дастовардҳои муҳими он мебошад.
Шавкат Мирзиёев дар қурултойи OzLiDeP, ки дар «Конгресс холд»-и Тошканд баргузор шуда буд, бори дигар таъкид намуд, ки: «Ман иштирокдорони фаъоли ислоҳотҳо – ҳамаи журналистонеро, ки ҳақиқат ва адолатро эътиқоди худ меҳисобанд, дӯстони наздиктарини худ меҳисобам ва онҳо ҳамеша дар ҳимояи Президент хоҳанд буд»…
Ман, барои он ки ҳарчанд осон набошад ҳам, сарфи назар аз эътирози баъзе мансабдорон, ӯ рӯ ба рӯйи танқидҳо бурдборӣ зоҳир менамояд ва дар роҳи озодии сухан собитқадам аст, ба Шавкат Мирзиёев овоз медиҳам.
4. Мушкили ислоҳот ва субот дар қарор
Ба Шавкат Мирзиёев, ки аз ҷониби OzLiDeP ба сифати номзад ба Президентӣ пешниҳод мегардад, осон нест. Ҳамаи корҳои мусбатеро, ки дар мамлакат анҷом дода мешаванд, ба номи ӯ вобаста мекунем. Аммо, табиист, ёфт мешаванд нафароне, ки бори масъулияти баъзе сабабҳое, ки ба пешрафти ислоҳот халал мерасонанд ва нуқсону камбудиҳоро низ ба дӯши сиёсати ӯ бор мекунанд. Вале ӯ халқро ба ҳамкорӣ ба корҳои нек даъват менамояд ва беҳуда таъкид намесозад, ки «масъулияти оянда ба дӯши ҳамаи мост».
Шавкат Мирзиёев ин маъниро ба интихобот пайваст ва гуфт, ки: «Ҳеч гоҳ фаромӯш накунед, ки ҳуқуқи эътироф ва интихоб дар дасти шумост». Яъне, вақте номзадро интихоб менамоем, барномаи ӯро низ интихоб мекунем ва дар пиёда кардани ислоҳот на фақат хайрхоҳӣ, балки иштирок ва амалкарди шахсии мо низ зарур аст.
Ба ниятҳои нек расидан осон нест, зеро куҳнаандеш, порахӯр ва қаллобон ба осонӣ ҷон намедиҳанд. Мушкилот пеш меояд. Муҳимаш, аз онҳо чашм пӯшида намешавад, даҳони онҳоеро, ки аз мушкилот мегӯянд, намебанданд, роҳбари давлат ба аҳди худ устувор аст.
Барои ҳамин боварӣ ва азму субот ба Шавкат Мирзиёев овоз медиҳам.

5. Одамигарӣ
Номи модарам Қумрӣ буд. Баъди ба воя расидан дарк кардам, ки он номи мурғест аз зумраи мусичагон. Модарам, воқеан, мисли мусича инсони хоксору беозор буд. Табиист, ки дар назари ҳама модараш аз беҳтарин занони дунёст. Аммо, аз рӯзи ақлу ҳушам даромадан, ёд надорам, ки модарам бо ягон ҳамсоя ҷанҷол, ё садояшро баланд карда бошад.
Модарамро доимо дар ҳоли раҳпоӣ пеши назарам меоварам. Дашноми холаҳоямро, ки мегуфтанд: «Модарат бо ду чашми боз ба раҳат аз дунё гузашт» амиқ дарк менамоям. Ин айби ман. Ҳоло ман худ чашм ба роҳи фарзандон шабу рӯзҳоро пушти сар мегузорам. Бад-ин тарз, рӯзҳо мегузаранд. Рӯзе дарк мекунем, ки вақти пушти сар монда на рӯз, балки умр будааст…
Сабаби такрор ба ёд овардани модарам он аст, ки вақте ӯ аз олам даргузашт, ба деҳаи кӯҳии Ургут бо мушовири давлатии Президент Мавлон Умурзоқов, Вазири таълими олӣ Оқил Салимов, вазири адлия Алишер Мардиев Шавкат Мирзиёев низ бо афсаре, ки Илҳом ном дошт, барои фотиҳахонӣ омада буд. Имрӯз низ мебинем, ки ба хонадонҳои инсонҳои шинохтае мисли Анвар қорӣ Турсунов, ҳазрати муфтӣ Усмонхон эшон ва ҳокимоне, ки бар асари вируси тоҷдор фавтидаанд, рафта фотиҳа мехонад.
Дар кишвари мо кай, кадом роҳбар ин хел одамгарӣ карда буд?
Ман барои ҳамин одамигариаш ба Шавкат Мирзиёев овоз медиҳам ва ба собитқадамии ӯ дар ин роҳи пуршараф бовар дорам!


Карим БАҲРИЕВ, нависанда.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ