Давлат – аввалин ҷоизадори медали олимпиада дар таърихи Самарқанд


Шогирди мактаби дзюдои Самарқанд Давлат Бобонов дар Бозиҳои олимпии шаҳри Токио бомуваффақият иштирок карда, аз рӯйи тоифаи вазни – 90 килограмм соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Медали биринҷие, ки Давлат дар ин мусобиқаи бонуфуз ба даст овард, аввалин медали олимпиада дар таърихи Самарқанд мебошад.
Тарбиягирандаи собиқи коллеҷи захираҳои олимпии Самарқанд Давлат Бобонов аз соли 2015 ин ҷониб узви дастаи умумии Ӯзбекистон аст. Тӯли 11 сол дар назди устоди худ Нуралӣ Қобилов асрори дзюдоро омӯхт.
– Сабаби асосии зафарҳои Давлат дар он аст, ки ӯ ба худ боварии мустаҳкам дорад ва соҳиби иродаи қавӣ мебошад, – гуфт Н. Қобилов. – Рақибони ӯ дар олимпиада хеле пурзӯр буданд. Соли гузашта дар мусобиқаҳои «Тоскулоҳи калон», ки дар Олмон гузаронида шуд, соҳиби медали тилло гардид ва дар кишварамон чун «Беҳтарин варзишгари сол» эътироф шуд.
Давлат Бобонов 7‑уми июни соли 1997 дар ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ таваллуд шудааст. То ҳол дар як қатор мусобиқаҳои бонуфуз иштирок карда, дастовардҳои зиёдро ба даст овард. Аз ҷумла, соли 2021 дар чемпионати Осиё доир ба дзюдо ғолиб гардид ва дар чемпионати ҷаҳон соҳиби медали нуқра шуд.
– Ғалабаи фарзандро дидан барои ҳар як падару модар бахти бузург аст, – гуфт падари Давлат – Ҳусниддин Бобонов. – Ин ғалаба орзуи писарам буд. Давлат аз синни шашсолагӣ ба варзиш шавқу ҳаваси зиёд дошт. Аҷаб нест, ки ин рағбат ба ӯ аз падарам, бобояш Ҷиянмурод паҳлавон гузашта бошад. Дар Нурато то синни 12 солагӣ дар пеши амакаш Шаҳобиддин Бобонов бо варзиш машғул гардид. Сипас, дар коллеҷи захираҳои олимпии Самарқанд хонда, аз устодаш Нуралӣ Қобилов асрори дзюдоро омӯхт.
Писарам дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил гирифт. Аз ин рӯ, ӯро ҳама самарқандӣ медонанд. Ман аз ин ифтихор мекунам. Барои ин зафари писарам ба устодон, роҳбарон, ки онҳоро дастгирӣ карданд, сипосгузорӣ менамоям. Ба варзишгароне, ки баҳри ҳифзи шарафи Ватан камар бастаанд, омад ва бахт орзумандам.
– Бояд бигӯям, ки Олимпиада аз турнири «Тос­кулоҳи калон», чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё комилан фарқ мекунад, – гуфт Д. Бобонов. – Мас­ъулияти бештарро дорад. Бояд гуфт, ки ин ҳама дастовардҳо натиҷаи ғамхорӣ ва эътибори ҳукумати кишвар ба мо, варзишгарон мебошад. Пас аз бозгашт дар мулоқот бо Президент ба ман унвони «Ўзбекистонда хизмат кўрсатган спортчи»-ро доданд. Ин ҳама эътибор, эътироф ва эҳтиром ба мо дар радифи рӯҳияи тоза бахшидан, ангезаи хуб додан, ба ӯҳда масъулият вомегузорад. Ман ваъда медиҳам, ки дар мусобиқаҳои оянда натиҷаҳои хубтарро нишон хоҳам дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ