Бо дуои волидонам…

Ба сифати як нафар шаҳрванде, ки пеши худ мақсади донишҷӯ шуданро гузоштааст, пайваста тағйирот ва ислоҳоти сохтори таълими олиро пайгирӣ мекардам. Аз ташаббус ва пешниҳодҳои сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев доир ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон, бахусус, фароҳам овардани имкониятҳо баҳри донишҷӯён дар худ меболидам ва шавқи донишҷӯ гардидан дучанд меафзуд.
Вақте ки дар бораи гранти Президент шунидам, як эҳсоси ботинӣ, нидое аз дил маро водор кард, ки барои ба даст оврадани он ҳаракат кунам. Худоро шукр, ки дар санҷишҳо иштирок намуда, хато накардам. Бо 186,9 хол соҳиби гранти Президент гардидам.
Ин ҳама натиҷаи дуои волидонам ва ғамхориҳои Президенти кишвар ба мо ҷавонон мебошад. Чунин имконият то ҳол вуҷуд надошт. Мо аз аввалин парастуҳое, ҳастем, ки аз ин имконияти хуб истифода намудем. Барои ин ҳама дастгирӣ ва ғамхориҳо ба Сарвари давлат изҳори миннатдорӣ менамоям.
Дар давоми як ҳафта бо Донишгоҳи давлатии Самарқанд пурра шинос шудем. Дар донишгоҳ барои таълими босифат гирифтани мо муҳити хуби таҳсил пойдор аст. Ман хурсандам, ки ояндаи худро бо ин донишгоҳи бонуфуз пайвастаам. Ният дорам, ки дар оянда аз ҷумлаи мутахассисони беҳтарин гардида, барои рушду равнақи Ватан саҳм гузорам.

Дилбар АБДУЛЛОЕВА,
донишҷӯи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, соҳиби гранти Президент

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ