Шумо асабӣ ҳастед? Ҷуворимакка хӯред!


Ҷуворимакка на танҳо хӯроки лазиз, балки як растании универсалӣ барои саломатӣ мебошад.
Дар таркиби ҷуворимакка бисёр витаминҳо ва унсурҳои муфид ҳаст, ки барои организми инсон фоида дорад. Онҳо: клетчатка, равған ва равғани эфир, витаминҳои А, РР, Е ва В, магний, калтсий, оҳан, фосфор, руҳ ва крахмал.
Ҷуворимаккаро мунтазам истеъмол кунед, иммунитетро баланд, рӯдаҳоро тоза мекунад, миқдори холестерин паст шуда, бемории дил пешгирӣ карда мешавад. Аз сабаби хосиятҳои диуретикӣ, он дар гипертония ва варамҳо самаранок аст. Ҷуворимакка фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар мекунад, метаболизмро суръат мебахшад ва бо вазни зиёдатӣ мубориза мебарад. Ба аллергия моил ва барои одамони гирифтори диабет бехатар аст.
Ба бемориҳои асаб – депрессия, стресс, ҳатто, эпилепсия аз пӯпаки ҷуворимакка нӯшоба тайёр карда диҳанд, фоида мебахшад. Моддаи селен, ки дар таркиби ҷуворимакка мавҷуд аст, раванди пиршавиро суст карда, саратонро пешгирӣ мекунад.
Агар шумо пӯсти равғанӣ дошта бошед, ду қошуқ орди ҷуворимакка ва сафедии як тухмро омехта кунед ва ниқоб созед. Ниқобро ба рӯй молед ва баъди 20 дақиқа бо оби ширгарм шӯед.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ