Шарти Туркия барои ёрӣ ба Толибон дар идораи фурӯдгоҳи Кобул


Туркия танҳо баъди таъсиси ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон дар идораи фурӯдгоҳи Кобул ба Толибон ёрӣ хоҳад расонд.
Дар ин бора раисҷумҳури ин кишвар Раҷаб Ардуғон дар мусоҳибаи шабакаи телевизионии CBS гуфт.
Ба гуфтаи вай, Туркия то ҳол дар фурӯдгоҳи Кобул ҳузур надорад. Ёрии Туркия танҳо дар сурати иқдоми мушаххас ва мусбат имконпазир хоҳад буд.
Ардуғон гуфт:
“Дар ҳоли ҳозир ҳукумати Афғонистон ҳамашумул нест, он фраксияҳои гуногунро дар худ фаро намегирад. То даме, ки ин ҳолат побарҷост, мо дар Афғонистон ҳузур нахоҳем дошт”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ