Толибон дар вилояти Ҳилманд тарошидани ришро мамнӯъ карданд


Дар вилояти Ҳилманди Афғонистон тарошидани риш мамнӯъ шуд. Дар ин бора Спутник-Афғонистон хабар дод.
Бино ба иттилои Aamaj News, намояндагони Толибон дар мулоқот бо соҳибони сартарошхона ва ҳаммомҳои Ҳилманд мамнӯъ шудани риштароширо маълум карданд.
Гуфта мешаад, ки дар сурати риоя накардан ба ин қоида сартарошон ҷазоҳои ҷиддӣ хоҳанд гирифт.
Дар зимн, хабаргузории Etilaatroz ба нақл аз раиси фарҳанг ва иттилооти Ҳилманд – Ҳафиз Рашид гузориш дод, ки мамнӯъияти риштарошӣ на танҳо дар ин вилоят, балки дар саросари кишвар ҷорӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, Толибон чанде пеш дар Қандаҳор мусиқиро мамнӯъ карда буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ