COVID-19: дар кишварҳои ҷаҳон чӣ гап?

Шумори гирифторон ба Covid-19 дар олам субҳи имрӯз, 27-уми сентябр 232 миллиону 608 ҳазору 482 нафар ва ҷонбохтагон 4 миллиону 762 ҳазору 082 нафар эълон шуд. Шабонарӯзи гузашта дар саросари олам 63 924 нафар олудаи коронавирус шуданд ва 1 237 нафар ҷони худро аз даст доданд. Шумори пурра муолиҷашудагон 209 миллиону 242 ҳазору 666 нафар гуфта шудааст.
ИМА, Ҳинд ва Бразилия кишварҳое мебошанд, ки шумори гирифторонашон ба COVID-19 аз 20 миллион нафар болост. То ба имрӯз дар ИМА 43 миллиону 750 ҳазору 983 нафар ба ин вирус сироят шудаанд ва 706 ҳазору 317 нафар ҷан бохтаанд.
Дар Ҳинд шумори умумии гирифторон ба 33 миллиону 678 ҳазору 243 нафар расидааст ва 447 ҳазору 225 нафар фавтидаанд.
Дар Бразилия бошад теъдоди мубталоён ба COVID-19 21 миллиону 351 ҳазору 972 ва фавтидагон 594 443 нафар эълон шудааст.
Дар Қирғизистон шумори мубталоён ба коронавирус ба 178, 258 нафар арсидаву 2600 нафар фавтидаанд.
Дар Қазоқистон аз Covid-19 11 065 нафар фавтидаанд ва теъдоди умумии сироятшудагон 878 990 нафар мебошад. Рӯзи гузашта дар ин кишвар боз 2 132 нафар гирифтори коронавирус шудаву 36 нафар ҷон бохтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ