Корҳои таъину аломатгузорӣ дар сарҳади Ӯзбекистону Тоҷикистон анҷом меёбад

Рӯзҳои 20-27-уми сентябр дар шаҳри Самарқанд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон доир гардид.
Сарони кишварҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ба гурӯҳҳои кории марбута, ки ба ҳайати онҳо геодезистону харитасозон, намояндагони ВКХ ва Хадамоти сарҳадбонӣ шомиланд, дастур доданд, ки то охири соли 2021 тартиби гузоштани поячӯбҳои сарҳадиро дар марзи ду кишвар ба таври ниҳоӣ тасдиқ намоянд.
Дар ҷараёни гуфтушунид дар Самарқанд, ки рӯзҳои 20-27 сентябр баргузор шуд, ҷараёни корҳои аломатгузорӣ дар сарҳади давлати байни кишварҳо ва натиҷаҳои корҳои саҳроии доиргардида баррасӣ шуданд.
Қаблан ҷонибҳо ният доштанд, ки корҳои аломатгузориро дар сарҳади давлатӣ байни Ӯзбекистону Тоҷикистон то охири соли 2020 ба итмом расонанд, лекин пандемияи COVID-19 ба ин ҷараён “тағйирот” ворид намуд.
Ёдрас мекунем, ки корҳои аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии байни Ӯзбекистону Тоҷикистон соли 2019 пурра ба анҷом расида буданд.
Ҷонибҳо он замон дар бораи хатти гузариши марз ба мувофиқа расида, акнун дар натиҷаи аломатгузорӣ дар харитаҳо хатти дақиқи сарҳади байни давлатҳо ишора мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ