Дар Хитой ба формаи хонандаҳои мактаб чип гузошта истодаанд


Дар сифати таҷриба барои назорати ҳаракатҳои хонандаҳои мактаби ибтидоии шаҳри Чжухайи Хитой, ба либосҳои онҳо гузоштани микрочипҳо сар шуд. Дар ин бора «France info» хабар дод.
Қайд гардидааст, ки дар чорчӯбаи таҷриба омӯзгор ва падару модарон
дар куҷо будани хонандагонро назорат карданашон мумкин. Агар бача ба «Ҳудуди хавфнок» дарояд, бо воситаи телефони дастӣ ба оила, падару модарон ва омӯзгорон сигнал меравад. Инчунин, микрочип имкони фиристондани хабарро медиҳад.
Аммо на ҳамаи падару модарон аз ташаббуси мазкур мамнунанд. Бино ба фикри аксари падару модарон расмиҳои мамлакат аз рӯйи сохтори назорати электронӣ «аз сарҳад берун» рафтаанд. Ба ғайр аз ин, чипҳо ба ин шакл бо ангуштаринҳои электронии барои назорати ҷинояткорон баробар кунонида шудааст.
Қайд мешавад, ки нимаи камераҳои видеоназоратии олам дар Хитой ҷамъ шудааст. Як қисми онҳоро дар синфхонаҳои мактабҳо гузоштаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ