Аҳолӣ бояд ҳар сол аз муоинаи ройгони тиббӣ гузаронда шавад

Дар байни мардуми мо як мақоли маъмуле ҳаст: ӯзбек то аз пойи худ мондан ба духтур намеравад. Ба ин омили аввал хуб набудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии одамон бошад, омили дуввум хуб ба роҳ монда нашудани корҳои тарғиботӣ, ки ба ташаккули фарҳанги тиббии мардум хидмат мекунад, мебошад. Ташкилоту муассисаҳои низоми тандурустӣ низ барои ташаккул ва вусъат додани фарҳанги тиббӣ масъул мебошанд.
Дар кишварҳои пешрафта ба саломатии инсон ҳамчун масъалаи аввалиндараҷа эътибор дода мешавад. Чунки бузургтарин сарвати ҳар гуна кишвар ин халқи он аст. Дар куҷое ки одамон солим бошанд, онҳо дар рушди соҳаҳои мухталиф саҳм мегузоранд ва ин барои ин кишвар ҳамчун фоидаи бузург арзёбӣ мешавад. Аз ин рӯ, ба мақсади дар мамлакатамон ҳифз намудани саломатии одамон бояд ҳар сол аз муоинаи тиббӣ бепул гузарондани аҳолӣ ташкил карда шавад.
Ба воситаи ин ҷони инсонҳоеро, ки бемориашон сари вақт аниқ карда нашуда, бо мурури вақт вазъи саломатиашон бад мешавад, наҷот додан мумкин. Дар воситаҳои ахбори оммавӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мо шоҳиди он мегардем, ки иқдомҳои зиёди кӯмак ба хотири ниёз ба пули калон бинобар гузашти вақт бар асари бемориҳои онкологӣ ё бемориҳои ҷигар ташкил карда мешаванд. Аммо ба гуфтаи коршиносон, ҳар беморие, ки дар вақташ ошкор шудааст, табобат мешавад. Агар он бемориҳо сари вақт ошкор карда шаванд, он барои бемор аз ҳар ҷиҳат судманд хоҳад буд.
Хуб, то он даме, ки одамон фарҳанги тиббӣ надоранд ва намехоҳанд мустақилона ба духтур муроҷиат кунанд, ташкили муоинаи ройгони тиббиро, ки ҳар сол гузаронда мешавад, бидуни таъхир оғоз кардан муҳим аст. Ин корро асосан тавассути истифода бурдан аз фаъолияти поликлиникаҳои оилавӣ, инчунин бо фиристодани гурӯҳҳои сайёри тиббӣ ба ноҳияҳои дурдаст метавон анҷом дод. Бояд гуфт, ки вазифаи аввалиндараҷаи поликлиникаҳои оилавӣ пешгирии бемориҳо ва табобати бемории муайяншуда, пешгирии асорати беморӣ мебошад.
Инчунин бояд қайд кард, ки барои пурзӯр гардондани ҳисси масъулияти мардуми мо барои саломатии худ роҳҳои самараноки баланд бардоштани фарҳанги тиббиро таҳия карда, ба амалиёт татбиқ намудан лозим аст. Ин ҳам тавре ки дар боло зикр кардем, яке аз вазифаҳои низоми нигаҳдории тандурустӣ аст.
Дар ин сурат ҷалби воситаҳои ахбори оммавӣ, пеш аз ҳама, телевизион ва радио, ки аз ҷониби қисми зиёди аҳолӣ истифода мешаванд, натиҷаҳои хуб хоҳанд дод.
Бинобар мавзӯъи мавриди назар ҳаминро илова кардан мехостам, ки айни замон ваксиназанӣ бар зидди коранавирус идома дорад. Ин низ як намуди профилактикаи тиббӣ мебошад. Ба гуфтаи коршиносон, шахси ваксинагирифта ба беморӣ мубтало намегарданд ё сироят кунад ҳам дар шакли сабук паси сар мекунанд. Ин, албатта, омили муҳими ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.
Дар хотима метавон гуфт, ки ҳар сол аз муоинаи ройгони тиббӣ гузарондани аҳолӣ бевосита ба рушди кишвар хидмат мекунад.

МАНФИАТ ВА ҲУҚУҚҲОИ ШАҲРВАНДОНИ МО, КИ ДАР ХОРИҶА КОР МЕКУНАНД, БОЯД ҲИМОЯ КАРДА ШАВАНД

Дар бисёр кишварҳои пеш рафта қисми зиёди аҳолиро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд. Ба монанди ин, қисми муайяни аҳолии ниёзманд ба кори мамлакатамон дар кишварҳои хориҷӣ кор мекунанд.
Ҳамзамон бо дарназардошти он, ки имкониятҳои фароҳам овардани ҷойҳои кории кофӣ барои коргарон дар кишвар вуҷуд доранд, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои коргарони мо, ки дар хориҷа кор мекунанд, бояд яке аз вазифаҳои устувори сиёсати давлат бошад.
Дар ин бобат аз ҷониби ҳукумат якчанд корҳо анҷом дода шуданд ва анҷом дода мешаванд. Аммо корро дар ин соҳа пурзӯр кардан лозим аст. Зеро мо аксар вақт дар воситаҳои ахбори оммавӣ ё шабакаҳои иҷтимоӣ гувоҳи поймол шудани ҳуқуқи коргарони мо, ки дар хориҷ кор мекунанд, мегардем.
Пас, чӣ гуна мо метавонем ба шаҳрвандоне кӯмак кунем, ки ҳангоми кор дар хориҷа аз зӯроварӣ, меҳнати маҷбурӣ ва табъиз ҷабр дидаанд, ҳуқуқҳояшон поймол шудаанд, дар ҳолати вазнини молиявӣ қарор доранд ва ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ маҷрӯҳ шудаанд? Албатта, ин масъалаест, ки бояд ҷиддӣ баррасӣ шавад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки бунёди дастгирии шаҳрвандоне, ки фаъолияти меҳнатиашонро дар хориҷ анҷом медиҳанд ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва департаменти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар хориҷ муваққатан меҳнат мекунанд ва масъалаҳои ҳамкории байналмилалии иқтисодии назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавҷуд мебошанд, ки дар кишварамон ба муҳоҷирони меҳнатии ба ҳолатҳои дар боло зикршуда дучор шудааанд, кӯмак мерасонад. Ин ташкилотҳо бояд фаъолияти худро дар ин соха аз нуқтаи назари танқидӣ аз нав дида бароянд.
Мо барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон, ки дар хориҷа кор мекунанд, амалӣ гардондани инҳоро мувофиқи мақсад медонем:
якум, бунёди дастгирии шаҳрвандоне, ки фаъолияти меҳнатиашонро дар хориҷа анҷом медиҳанд, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва департаменти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар хориҷ муваққатан меҳнат мекунанд ва масъалаҳои ҳамкории байналмилалии иқтисодии назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз болои иҷрои вазифаҳои ба онҳо гузошташуда назорати катъии давлат ва аҳли чамъият муқаррар карда шавад. Ҳар моҳ аз тариқи воситаҳои ахбори оммавӣ оид ба корҳои аз ҷониби онҳо анҷом додашуда додани маълумот ташкил карда шавад;
дуюм, дар назди сафоратхонаҳо, консулгарӣ ва намояндагиҳои кишвари мо дар хориҷа, хусусан дар кишварҳое, ки муҳоҷирони ӯзбекистон бештар мераванд, марказҳо кушодан лозим аст, то ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатиро ҳимоя кунанд ва ба онҳо ёрии моддию маънавии зарурӣ расонанд. Илова бар ин, таъсиси марказҳо дар назди сафоратхонаҳо, ки бо мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ машғул мешаванд, самараи мусбат хоҳад дод.
Сеюм, консепсиеро таҳия кардан лозим аст, ки ба дастгирии муҳоҷирони корӣ дар хориҷа ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо нигаронида шудааст. Консепсия бояд таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишвари моро, ки дар ҳар гӯшаи ҷаҳон кор мекунанд, фаро гирад. Консепсия инчунин бояд нақшаи вохӯриҳои намояндагони созмону идораҳои масъули муҳоҷиратро бо муҳоҷирони ӯзбек дар хориҷи кишвар дар ҳар семоҳа дар бар гирад.
Мо бовар дорем, ки татбиқи вазифаҳои зикршуда вазъи коргарони моро, ки дар хориҷа кор мекунанд, куллан тағйир медиҳад.
Мо набояд фаромӯш кунем, ки муҳоҷирони корӣ аз Ӯзбекис­тон, новобаста аз он ки дар кадом гӯшаи ҷаҳон кор мекунанд, ҳамватанони мо ҳастанд. Бинобар ин, ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо бояд ҳифз карда шаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ