Натиҷа на ҳамеша ба пул вобаста аст


Дастаи “Реал”-и Мадрид шаби гузашта дар чорчӯби марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Лигаи чемпионони Аврупо дар майдони худ аз дастаи “Шериф”-и Молдова бо натиҷаи 1 бар 2 шикаст хӯрд. Натиҷа барои аксари ҳаводорон ва ҳатто мутахассисони футбол ғайричашмдошт буд. Чун, фарқ миёни ду даста аз ҳар ҷиҳат “аз замин то осмон” аст.

Мо хостем тавофути ин ду тимро аз ҷиҳати нархи таркибҳо баррасӣ кунем.
Бино ба маълумоти сайти Трансфермаркт, ки бо муайян кардани нархи трансфери футболбозон машғул аст, ҳоло нархи умумии дастаи “Реал”-и Мадрид 794 миллион еврост. Қиматтарин футболбози даста Каземиро буда, арзиши трансфери он 70 миллион евро мебошад.
Нархи умумии дастаи “Шериф”-и Молдова 12,4 миллион доллар аст. Яъне, таркиби “Шериф” нисбат ба таркиби “Реал” 64 баробар арзонтар аст. Нархи трансфери танҳо як футболбози мадридиён – Каземиро нисбат ба арзиши умумии дастаи “Шериф” қариб 7 баробар қиматтар мебошад. Дар умум дар таркиби дастаи “подшоҳӣ” 20 нафар футболбоз ҳаст, ки нархи ҳар яки онҳо нисбат ба арзиши умумии таркиби “Шериф” қиматтар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ