Дар чорчӯбаи фестивали байналмилалӣ ба рӯзҳои кинои ҳуҷҷатӣ старт дода шуд

Дар павилони хурди киноконсерни «Ӯзбекфилм» бахшида ба ин тадбир анҷумани матбуотӣ шуда гузашт.
Дар чорчӯбаи кинофестивали байналмилалии Тошканд, ки имрӯз оғоз гирифт, пеш аз рӯзҳои фестивали кинои ҳуҷҷатӣ анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Дар конфронс ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, вазири сайёҳӣ ва варзиш А.Абдуҳакимов барои ҳаводорони санъати кино кушода будани дарҳоро таъкид кард.
Инчунин, сардиректори Агентии кинематография Ф.Абдухолиқов дар оянда инвеститсия будани кино, Ӯзбекистони навро дар мисоли режиссёрҳои ҷавон ва хориҷӣ аз нав кашф карданамонро қайд намуд.
Дар анҷуман меҳмонони аз мамлакатҳои Италия, Озорбойҷон, Туркия, Россия, Қазоқистон ва Арманистон ташриффармуда дар бораи санъати кинои ҳуҷҷатӣ сухан ронданд.
Дар фестивал намоиши филмҳои хурд мисли «Хоби ӯзбеконаи ман» — и Франсия, «Берунӣ» — и Туркия ба нақша гирифта шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ