Дар Самарқанд 8 нафар омӯзгор бо нишони сарисинагии «Фидоии таълими халқ» сарфароз гардид

Имрӯз дар Самарқанд бахшида ба 1-уми октябр — Рӯзи омӯзгор ва мураббиён тадбир шуда гузашт. Дар тадбир педагогҳое, ки дар соҳаи таълими халқ босамар фаъолият доранд, иштирок карданд.
Дар тадбир ҷонишини ҳокими вилоят Х.Очилов ба сухан баромада, дар бораи меҳнати босамари педагогон ҳарф зада, онҳоро бо идашон табрик кард.
Дар тадбир сарвари Садорати таълими халқи вилоят З. Шодиева беш аз 58000 нафар педагогҳои 1260 мактаби вилоятро бо иди касбӣ табрик кард.
Дар тадбир 8 нафар омӯзгор бо нишони сарисинагии «Фидоии таълими халқ» ва 49 нафар педагог бо нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқ» тақдир гаштанд. Дар тадбир ба ғолибони озмунҳои гуногуни ташкилгардида ҳам мукофотҳо доданд.
Ба З. Шодиева ифтихорномаи Вазорати таълими халқи Ӯзбекистон супурда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ