Дархости тамдиди вазъи изтирорӣ дар марзи Лаҳистону Белорус

Аз раиси ҷумҳури Лаҳистон дархост шудааст, то вазъияти изтирории мавҷӯд дар марзи ин кишвар бо Беларусро то 60 рӯзи дигар тамдид кунад.
Ба гузориши хабаргузории “Рейтерс”, сухангӯи давлати Лаҳистон тайи суханоне гуфт, ки аз раиси ҷумҳури ин кишвар хоста шуда то вазъияти изтирории мавҷуд дар марзи ин кишвар бо Беларусро то 60 рӯзи дигар тамдид кунад.
Бар асоси ин гузориш, сухангӯи давлати Лаҳистон далели ин дархости худро афзоиши кушиши убури ғайриқонунии муҳоҷирон аз Беларус ба самти марзҳои Полша эълом карда аст.
Сухангӯи давлати Лаҳистон дар ин хусус гуфта, ки шӯрои вузаро тасмим гирифтанд аз раиси ҷумҳур “Андре Дода”, дархост кунанд то вазъияти изтирориро барои 60 рӯзи дигар тамдид кунад. Шароити мавҷӯд дар марзи миёни Лаҳистон ва Беларус ҳамчунон вахим аст.
Лозим ба зикр аст Лаҳистон, Литва, Латвия ва иттиҳодияи Аврупо тайи моҳҳои ахир, давлати Беларусро муттаҳам ба қасдан савқ додани муҳоҷирон дар ин кишварбуда ба самти марзҳои Аврупо кардаанд; муҳоҷироне ки гуфта мешавад аксарияти онҳоро паноҳҷӯёни афғон ва ироқӣ ташкил медиҳанд.
Бруксел ин иқдоми давлати Беларусро ҷанги таркибии Минск алайҳи иттиҳодияи Аврупо хонда ва муътақид аст ин иқдоми талофи ҷӯёнаи давлати Беларус, дар баробари таҳримҳои вазъ шудаи Бруксел алайҳи Минск тайи моҳҳои гузашта иттихоз шуда аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ