НАЗОРАТЧИЁНИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БА ТАҲРИРИЯТИ ГАЗЕТАҲО ОМАДАНД

Алессандро Бартолини ва Лела Талиури, нозирони байналмилалии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки бо маъракаи интихоботии Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар Самарқанд шинос шуда истодаанд, имрӯз бо масъулони рӯзномаҳои «Зарафшон», «Самаркандский Вестник» ва «Овози Самарқанд» мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ оиди баромадани материалҳои компанияи интихоботӣ дар шумораҳои газетаи вилоят, инчунин ҷойҳои ройгони рӯзнома барои таблиғи компанияи интихоботии номзадҳо маълумот дода шуд.
Нозирон инчунин ба заминаи моддию техникии редаксияҳо, маркази матбуоти комиссияи ҳавзаи интихоботии 7-уми Самарқанд ва ҳамкории расонаҳои минтақавӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.
Пас аз вохурӣ мехмонон музеи таърихи матбуоти вилоятро тамошо карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ