Таъминоти газ ва ангишт беҳтар мешавад


Бо омадани фасли заррин ҳама омодагиро ба мавсими зимистонӣ сар мекунад. Мавзӯи газу ангишт аз нав “вирди забонҳо” мегардад.
Ҷонишини мудири “Ҳудудгаз Самарқанд” Олим Исакулов дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки бар асоси барномаи омодагӣ ба фасли зимистон беш аз 10 километр қубурҳои газ таъмир ва бозсозӣ шуд ва боқӣ 2 километри қубурҳои газ дар ҳоли таъмиршавӣ аст.
Имсол газрасонӣ ба маҳаллаҳои Мирзо Улуғбек, Лолазор, Аҳмад Яссавӣ, Мафтункор, Дукчиён ва Темирқишлоқи шаҳр беҳтар мегардад. Чунки, аз чорроҳаи кӯчаҳои Амир Темур ва Гагарин ба кӯчаи Фирдавсӣ тақрибан 500 метр қубури газ кашида шуд.
Илова бар ин, ба зудӣ лоиҳаи кашидани 11,5 километр қубури газ аз шабакаи тақсимоти гази Оқдарё ба кӯчаи Панҷакенти шаҳр амалӣ мешавад. Дар натиҷа таъминоти газ дар тақрибан 20 маҳалла ва биноҳои иҷтимоии ҳудуди Сиёб рӯ ба беҳбудӣ меоварад.
Ҳамчунин, бар асоси дастури раисҷумҳури кишвар, аз шабакаи тақсимоти гази “Самарқанд-1”, ки дар ҷамоати деҳоти Қайнамаи ноҳияи Самарқанд ҷойгир аст, ба сӯи шаҳр 10,5 километр қубури газ бо фишори боло кашида мешавад. Ҳоло ин вазифа низ дар марҳилаи поёнӣ қарор дорад. Ин лоиҳа таъминоти газро дар беш аз 32 ҳазор хонадони маҳаллаҳои гирду атрофи Донишкадаи давлатии меъморӣ ва сохтмони Самарқанд, хиёбони ДДС ва ҳудуди Саттепо беҳ мекунад.


Дар ҳоли ҳозир дар саросари вилоят 450 ҳазор оилаи 744 маҳалла ба ангишт эҳтиёҷ доранд.
Ба гуфтаи мудири шӯъбаи вилоятии “Таъминоти ангишт” – Сайфиддин Ҷуманов, шӯъба имсол ниёзи самарқандиёнро ба ангишт комилан қонеъ хоҳад кард. То ба имрӯз 55 ҳазор тонна ангишт дар миёни аҳолӣ тақсим шудааст, ки ин 65 дарсади барномаи солона аст. Дар анборҳои шӯъба 5860 тонна захираи ангишт вуҷуд дорад.
Солҳои қаблӣ гоҳ-гоҳ дар мавриди сифати ангишт шикоятҳо мешуд, ки он нағз намесӯзад. Мутахассисон дар пайи омӯхтани ин ҳолат ба ин натиҷа расиданд, ки дар натиҷаи омилҳое мисли офтоб ва борон ангиштҳои захирашуда сифати худро аз даст медиҳанд. Ба ин далел, имсол дар анбор ангиштҳои захирашударо бо плёнкаҳо рӯйпӯш ва бо лой андова мекунанд.
Умедҷон Аҳмедов, кассир-экспедитори шӯъбаи “Таъминоти ангишт” гуфт:

  • Анбори асосии мо ноҳияҳои Пайариқ, Самарқанд, Ургут ва шаҳри Самарқандро бо ангишт таъмин мекунад. Ҳудудҳо вобаста ба эҳтиёҷи худ аз мо ангишт мегиранд. Ҳамарӯза то 400 тонна ангиштро тақсим мекунем. Нархи як тоннаи ангишт 300 ҳазору 300 сӯм аст.
    Бояд таъкид кард, ки Аҳмедов дар ин ҷо нархи ангишти анборҳои шӯъбаи “Таъминоти ангишт”-ро дар назар дорад. Дар фурӯшгоҳҳои хусусии ангишт эҳтимоли қиматтар будани нархи он мумкин аст.
    Ургут, ки яке аз ноҳияҳои пураҳолӣ аст, имсол ба 20 ҳазор тонна ангишт эҳтиёҷ дорад.
  • Мо аз рӯи шартнома барои 450 оилаи камтаъмини маҳаллаҳои Ҷарқишлоқ ва Бунёдкор ангишт мебарем. Кӯдакистон ва мактабҳоро низ бо ангишт таъмин мекунем. Дар ҳоли ҳозир муассисаҳои таълимӣ комилан бо ин навъи сӯзишворӣ таъмин шудаанд, — гуфт корманди шӯъбаи дастгирии оила ва маҳаллаи Ургут Рофеъ Хӯҷамуродов.

Умед Фарҳодзода

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ