Барои мустаҳкамкунии хотира чиҳо лозим аст?

Хотираи баъзе одамон бо гузаштани синну сол суст шуда меояд. Онҳо ҳозиракак ба куҷо мондани чизи дар даст доштаашонро ё ин ки гапи задаашонро аз хотир мебароранд. Истеъмоли бомеъёри чормағз, ангур, лимӯ барин неъматҳои таркибаш аз витаминҳо бойи дар мамлакатамон сероббуда барои мустаҳкамнамоии хотира ёрӣ мерасонанд. Инчунин, дар натиҷаи истеъмоли сирпиёз (чеснок) аз тезгардии гардиши хун майна аз оксиген сер мешавад. Глюкозаи таркиби асал воситаи муҳими мустаҳкамнамоии хотира ба ҳисоб меравад. Ҳар рӯз вақти хӯроки пагоҳӣ қоқмеваҳоро бо асал (як қошуқи ошхонагӣ) омехта истеъмол намудан хотираро мустаҳкам менамояд. Зуд-зуд хӯрдани гӯшти моҳӣ низ дар мустаҳкам кардани хотира фоидаовар аст. Дар таркиби моҳӣ ба миқдори зиёд фосфор ва равғанҳо мавҷуд мебошанд, ки онҳо барои беҳкунии таъминоти хун ба майна ва бо ин роҳ ба мустаҳкамкунии хотира ёрӣ мерасонанд. Истеъмоли ангури сиёҳ ва дигар меваҳо дар ин ранг фаъолияти ақлиро зиёд карда, пеши сустшавии хотираро мегирад.
Таҳияи Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ