«СТРАТЕГИЯИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ»

Аз барномаи пешазинтихоботии номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз Ҳаракати тадбиркорон ва корчаллонҳо – Ҳизби либерал-­демократии Ӯзбекистон Шавкат Миромонович Мирзиёев

I. Ӯзбекистони нав – ҷамъият ва давлати мардумпарварест, ки қадри инсон устувор мебошад
Дар ин соҳа,
бахусус:
• барномаи миллии «Давлати халқпарвар», «Консепсияи рушди қонунгузорӣ», Қонун дар бораи тақдими мақоми конститутсионӣ ба Қабулхонаҳои халқӣ ва фаъолияти онҳо;
• сохтори маҳалла мустаҳкам, ваколати Шӯроҳои намояндагони халқи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо васеъ карда мешавад, тартибе муқаррар мегардад, ки номзад ба вазифаи ҳоким аз тарафи гурӯҳи ҳизбе, ки дар шӯрои дахлдор ҷойи депутатии бештарро доранд, пешбарӣ мешавад.

II. Ӯзбекистони нав – давлати халқпарварест, ки адолат ва қонун устувор аст

Дар ин соҳа, бахусус:
• асосҳои нави ҳуқуқии сохтори прокуратураи кушод ва адолатпарвар, ки қадр, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро ҳифз мекунад, созмон дода мешавад;
• дар тамоми соҳаҳои сохтори Вазорати корҳои дохилӣ Шӯроҳои ҷамоатӣ таъсис дода мешавад, «Кодекси фарҳанги касбӣ» қабул мегардад;
• «Консепсияи адвокатураи мустақил « таҳия гардида, фаъолияти Академияи адвокатҳо ба роҳ монда мешавад.

III. Рушди иқтисодиёти миллӣ

Ӯзбекистони нав – давлати соҳиби иқтисодиёти инновасионӣ аст, ки ба илм ва технологияҳои беҳтарин асосноконида шудааст. Бахусус:
• ҳаҷми маҳсулоти умумии дохилӣ, ки ба сари аҳолӣ рост меояд, ба 1,6 баробар, даромад – аз 4 ҳазор доллар зиёд карда мешавад;
• ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ – 1,4 ва самарадории меҳнат – 2 баробар афзуда, сохтори кластерҳои саноатӣ пеш бурда мешавад;
• иқтисодиёти рақамӣ ба соҳаи пешсаф табдил ёфта, ҳаҷми он 2,5 баробар зиёд карда мешавад.
• «Стратегияи ҷалбсозии сармояҳои хориҷӣ ва маҳаллӣ» қабул гардида, на кам аз 70 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда мешавад;
• экспорт 1,7 фоиз зиёд карда шуда, ба 30 миллиард доллар, ҳиссаи маҳсулоти умумии дохилии сектори хусусӣ то 80 фоиз, ҳаҷми экспорт бошад – то 60 фоиз расонида мешавад;
• Бонки рушди Ӯзбекистон, Хазинаи рушди «Иқтисодиёти сабз» таъсис ёфта, технологияҳои «иқтисодиёти сабз» ҷорӣ карда мешаванд;
Тадбиркории фаъол ва кӯмаки молиявии мақсаднок – омили муҳими ихтисор намудани камбизоатӣ. Бахусус:
• дар мамлакат камбизоатӣ қариб 2 баробар кам карда мешавад;
• бо мақсади дастгирии тадбиркорӣ: аз рӯйи 7 самт барнома қабул карда мешавад; ставкаи андози молу мулки корхонаҳо аз 2 ба 1,5 фоиз, андози қимати иловагӣ аз 15 ба 12 фоиз поин мешавад, андози молу мулк ва замини шахсони юридикӣ якҷоя карда шуда, андози ягонаи мулки манқул ҷорӣ мегардад; Шӯроҳои тадбиркорӣ ташкил мешавад;
• дар минтақаҳо доираи соҳаҳои сервисӣ 3 маротиба афзуда, 3,5 миллион ҷойи нави корӣ ташкил мешавад, таъмини шуғли 2,5 миллион шаҳрвандро, ки дар сектори ғайрирасмӣ кор мекунанд, расмӣ мекунанд;
• сатҳи бекории бонувон 2 маротиба кам гардида, ба беш аз 700 ҳазор нафари онҳо касбу ҳунар омӯхта мешавад.
• аҳолии ниёзманд пурра бо нафақаи иҷтимоӣ, ёрии моддӣ ва хизмати ройгони тиббӣ таъмин гардида, Барномаи миллие қабул мешавад, ки 3 баробар зиёд кардани таъмини шуғли ногироёнро дар назар дорад, ба шаҳрвандони ба хона мӯҳтоҷ тартиби ба иҷораи иҷтимоӣ тақдими манзили зист роҳандозӣ мешавад;
• дар ҳисоби ҳаҷми пенсияи базавӣ миқдори маҳдуди музди корӣ аз 10 баробар то 12 баробар зиёд карда мешавад.
Афзунсозии самарадории хоҷагии қишлоқ – талаби ислоҳотҳо ва асоси рушди устувор. Бахусус:
• тавассути дар асоси илмӣ ба таври интенсивӣ ривоҷ додани хоҷагии қишлоқ даромади кишоварзон ва фермерҳо 2 баробар зиёд ва суръати рушди солонаи онҳо ба на кам аз 5 фоиз расонида мешавад;
• ба соҳаи кишоварзӣ дахолати давлат комилан аз байн бурда мешавад ва муносибатҳои озоди бозор ҷорӣ мегардад;
• ҳудуди боғҳои интенсивӣ –3, гармхонаҳо – 2 ва майдони киштҳо барои хӯрокаи чорво 2 баробар ва 11 миллион гектар дашт аз нав барқарор мегардад;
• Донишгоҳи байналмилалии хоҷагии қишлоқ таъсис меёбад.
Рушди мутаносиби минтақаҳо – мақсади стратегии Ӯзбекистони нав. Бахусус:
• дар мисоли шаҳру ноҳияҳо 14 барномаҳои рушди минтақавӣ татбиқ мегардад;
• доир ба бунёди Қароқалпоқистони нав дар таркиби Ӯзбекистони нав корҳои сохторӣ амалӣ мегарданд.
• барои беҳсозии шароити зисти аҳолии минтақаҳо сиёсати урбанизатсия такмил дода мешавад. Аз ҷумла: дар асоси барномаҳои реноватсия ба ҷойи хонаҳои кӯҳнаи шаҳрҳо дар беш аз 19 миллион метри мураббаъ хонавҳои замонавӣ бунёд ва барои ба мавзеъҳои нав кӯчонидани 275 ҳазор хонадон шароит фароҳам мешавад; Самарқанд ва Намангон ба шаҳрҳои аҳолиаш миллионнафара табдил меёбанд;
• 70 ҳазор километр роҳҳои магистралӣ ва шабакаҳои барқии дорои қувваи паст, беш аз 100‑то зеристгоҳ, зиёда аз 70 ҳазор километр роҳҳои автомобилӣ бунёд гардида, сатҳи бо оби нӯшиданӣ таъмин гардидани аҳолӣ ба 87 фоиз расонида мешавад, сохтори партовобҳои марказии аксар шаҳру ноҳияҳо нав гардида, ҷамъоварии партовҳои маишӣ ба 100 фоиз расонида мешавад;
• соҳаи сайёҳӣ босуръат ривоҷ дода мешавад ва теъдоди аҳолие, дар ин самт машғуланд, ду баробар афзуда, ба 520 ҳазор нафар расонида мешавад;
• лоиҳаи умуммиллии «Макони сабз» амалӣ гардида, «Боғҳои сабз», «Паркҳои ҷамоатии сабз» ташкил карда мешаванд, барои ғайриқонунӣ буридани дарахтон моратории бардавом ҷорӣ мегардад.

IV. Сиёсати иҷтимоии боадолат

Ӯзбекистони нав аз остонаи мактаб сар мешавад. Бахусус:
• беш аз 7 ҳазор муассисаи нави таълими томактабӣ ташкил гардида, фарогирии бачагон ба 80 фоиз раоснида мешавад, бачагони синнашон 6 сола пурра бо сохтори омодасозӣ ба мактаб фаро гирифта мешаванд. Моҳонаи кормандони соҳа зина ба зина зиёд карда мешавад.
• дар сохтори таълими халқ барои 1,2 миллион нафар хонанда ҷойи иловагӣ ташкил ва барномаҳову китобҳои дарсӣ пурра аз нав омода карда мешаванд;
• сатҳи бо таълими олӣ фаро гирифтани хатмкунандагони мактабҳо ба 50 фоиз расонида мешавад; барои 100 ҳазор нафар донишҷӯён хобгоҳҳо бунёд мегардад;
• барои донишҷӯёни ташкилотҳои таълими олии хусусӣ имконияти гирифтани кредити таълим фароҳам мегардад;
• ба ташкилотҳои таълими олии бонуфузи хориҷӣ фиристодани ҷавонон 2 баробар зиёд карда мешавад.
Ӯзбекистони нав – давлатест, ки барои ҳама хизматрасонии тиббии босифат ва профессионалиро таъмин мекунад. Бахусус:
• миқдори маблағҳое, ки ба соҳаи тандурустӣ ҷудо мешавад, 2 баробар афзуда, эътибори асосӣ ба профилактикаи тиббии хонадонбайъ нигаронида мешавад;
• бо мақсади хидматрасонии босифати тиббӣ ба бонувон ва кӯдакон 46 марказҳои перинаталии байниноҳиявӣ бунёд мегардад;
• барои солимгардонии бачагони ногироидошта Маркази ҷумҳуриявии реабилитатсияи тиббии бачагона ва филиалҳои он ташкил карда мешавад;
• дар хидматрасонии тиббӣ ҳиссаи сектори хусусӣ ба 25 фоиз расонида мешавад;
• истеҳсоли дорувориҳо ва воситаҳои тиббӣ дар ҳаҷми умумӣ ба 80 фоиз расонида мешавад.

V. Соҳаи тараққиёти маънавӣ-­фарҳангӣ

Дар ин соҳа, бахусус:
• консепсия ва Барномаи миллии «Стратегияи рушди маънавии Ӯзбекистон» ва «Ӯзбекистони нав – ҷамъияти соҳибмаърифат» қабул мегардад;
• барномаҳои алоҳидае таҳия мегарданд, ки ба минбаъд афзунсозии мавқеъ ва таъсири соҳаҳои илму фан, фарҳанг ва санъат, адабиёт ва эҷодӣ бадеӣ ба тараққиёти мамлакат, нигаронида шудаанд;
• сиёсати дақиқ омӯхтан ва тарғиб кардани мероси ғании динӣ ва маънавӣ, дастгирии конфессияҳои гуногуни динӣ идома меёбад.

VI. Вазифаҳои устувор бобати бехатарӣ ва сиёсати хориҷӣ

Армияи Ӯзбекистони нав – кафолати мустаҳками истиқлолияти мамлакат, ҳаёти тинҷ, озод ва фаровони мардум.
Корҳо дар асоси ғояи некӯи «Ба халқи ӯзбек тинҷиву амонӣ лозим!», инчунин, ба ҳаёт васеъ татбиқ кардани тамоили ҳалкунандаи «Армия ва халқ – як тану як ҷон», минбаъд мустаҳкамсозии салоҳияти мудофиаи мамлакат ва қудрати ҳарбӣ пайваста давом дода мешавад.
Ӯзбекистони нав – давлатест, сиёсати хориҷии фаъол, прагматикӣ ва дақиқ андешидашударо пеш мебарад. Бахусус:
• стратегияи ҳамкории минтақавии Ӯзбекистон бо Осиёи Марказӣ таҳия карда мешавад;
• ба минбаъд ривоҷ додани муносибатҳо бо ҳамкорони доимии Ӯзбекистон, аз ҷумла Россия, Хитой, ИМА, инчунин, Туркия, Ҳиндустон, Покистон, Германия, Франсия, Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, Япония, АМА аҳамияти устувор дода мешавад;
• фаъолият дар СММ, ташкилотҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва гуманитарии глобалӣ ва минтақавӣ пурзӯр мешаванд;
• ба барқаро шудани тинҷиву осоиштагӣ дар Афғонистони ҳамсоя боварии комил дорем. Роҳи оҳани «Термиз-­Мазори Шариф-­Кобул-­Пешовар» бунёд мегардад, дар соҳаҳои энергетика, савдо ва саноат лоиҳаҳо татбиқ мешаванд;
• тавассути Бунёди ҷамоатии «Ватандошлар» бо ҳамватанонамон, ки дар кишварҳои хориҷӣ ҳастанд, робитаи доимӣ ва пурсамар барқарор карда мешавад, Донишкадаи байналхалқии Алишер Навоӣ ташкил мегардад.

VII. Ӯзбекистон ва муаммоҳои умумибашарӣ

Ӯзбекистони нав – давлатест, ки ҳуқуқи инсонҳоро дар бораи муҳити атрофи тоза таъмин мекунад.
Бахусус, дар қаъри хушкидаи баҳри Арал 500 ҳазор гектар майдонҳои сабз бунёд мегарданд. Дар соҳили Арал барномаҳои байналхалқии дахлдори «Иқлими сабз» ва «Бунёди глобалии экологӣ» татбиқ карда мешаванд.
Ҷаҳони холӣ аз коррупсия – орзуи умумибашарӣ буда, барои мо Ӯзбекистони нав – кишварӣ холӣ аз коррупсия. Бахусус:
• Қонун «Дар бораи декларатсияи даромад ва молу мулки хизматчиёни давлатӣ» ва «Стратегияи миллӣ доир ба мубориза бар муқобили коррупсия» қабул карда мешавад.
• «Реестри кушоди электронии шахсоне, ки дар ҷиноятҳои коррупсионӣ айбдор дониста шудаанд» пеш бурда мешавад.
• Чораҳо оиди беҳсозии мавқеи мамлакат дар рейтинги «Индекси қабули коррупсия» муайян карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ