Самтҳои асосии барномаи пешазинтихоботӣ

I. Дар соҳаи тарбия ва таълим

1.Барномаи давлатии «Авлоди нав» қабул карда мешавад.
– Барои таҳияи барномаи тарбия ва таълимие, ки даври аз таваллуди кӯдак то хатм кардани мактабро фаро мегирад, сохтори ягонаи «Оила – боғча – мактаб» бунёд мегардад.
– Барои дар оила ба дунё овардани фарзанди солим ва дуруст ташкил кардани тарбияи вай, дастгирӣ кардани падару модароне, ки фарзандони синнаш то 18‑сола доранд ва ба зиммаи онҳо мақом ва масъулияти алоҳида гузоштамешавад.
– Аз тарафи давлат маблағгузорӣ кардани боғчаҳо ва (ба боғчаҳои хусусӣ рухсат дода мешавад) ҳатмӣ будани як соли охири даври боғча муайян карда мешавад. Дар ин ҷараён пеш аз ҳама музди кори тарбиячиёнро зиёд карда, сертификатсияи онҳоро ҷорӣ мекунанд ва дар гурӯҳҳои боғча барои аз 15 нафар зиёд нашудани бачаҳо муваффақ мешаванд.
– Дар мактабҳо тарзи идора, муносибат ба омӯзгорон ва ташкили корҳои таълиму тарбия куллан тағйир дода мешаванд (ба мактабҳои хусусӣ рухсат медиҳанд). Тартиби ба омӯзгорон ғайр аз ихтисоси худ аз дигар фанҳо дарс додан ва ба роҳбарии синф вобаста кардани онҳоро бекор мекунанд. Роҳбарии синф танҳо ба зиммаи омӯзгорони фанни «Тарбия» вогузошта мешавад. Музди кори омӯзгоронро мувофиқи холҳои рейтингии бар асоси мушоҳидаи камеравӣ ҳисоб карда медиҳанд.
Омӯзгоре, ки дарси хуб медиҳад, маоши баланд, омӯзгоре, ки дарсаш бесифат аст, маоши кам мегирад. Сохторе, ки ба омӯзгорони 10 сол ва беш аз он бо фаъолияти педагогӣ шуғлварзида, ба миқдори 50 фоизи маошашон иловапулӣ медиҳад, роҳандозӣ карда мешавад. Инчунин, ба омӯзгорон ҳуқуқи дар синни 50‑солагӣ ба нафақа баромаданро медиҳанд.

2.«Нозироти таълим» дар тобеияти Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз нав ташкил карда мешавад. Ваколатҳои нозирот ва шароитҳои меҳнати онро куллан тағйир медиҳанд. Нозирот ҷараёнҳои таълим ва тарбияро мушоҳида мекунад ва ба Олий Маҷлис ҳисобот медиҳад.
– Вазорати таълими олӣ барҳам дода шуда, дар назди Президент Шӯрои ректорҳо ташкил мешавад. Муассисаҳои таълими олиро (МТО) ба сохтори худидора гузаронда, барои фаъолияти рақобатпазири МТО асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда мешаванд.
– Сохтори тайёр кардани педагогҳоро куллан ислоҳ мекунанд. Давлат ба сифати супоришдиҳандаи асосии тайёр кардани кадрҳо ба сохтори бозомӯзии омӯзгор ва тарбиячиҳои баландихтисосро барои боғча ва мактабҳо пурра маблағгузорӣ мекунад.

3.Киноиндустрияи миллӣ ба сифати қисми ҷудонопазири тарбия ислоҳ карда мешавад.
– Барои ин баҳри такмили ихтисоси вакилони соҳа, аз хориҷа ҷалб кардани мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳа, ба навор гирифтани филмҳои миллӣ, таърихӣ ва замонавӣ шароитҳои мусоид фароҳам меоранд.


II. Сохтори идораи давлат

1.Барои дар интихоботи идораҳои намояндагӣ истифода бурдан аз сохторҳои мажоритарӣ ва пропорсионалӣ асосҳои ҳуқуқӣ бунёд мекунанд.
– Тавассути ҷорӣ кардани сохтори интихоботи мажоритарӣ ва пропорсионалӣ дар парламент нақши ҳизбҳои сиёсиро пурзӯр мекунем.
– Дар Палатаи қонунгузорӣ ба шумораи депутатҳо нигоҳ карда портфели вазоратҳо тақсим карда мешаванд.

2.Ваколат ва фаъолияти Шӯроҳои маҳаллиро аз нав баррасӣ мекунем.
– Таҷрибаи дар як вақт ҳоким шудани раиси шӯрои маҳаллӣ батамом боздошта мешавад.
– Нақш ва функсияҳои назоратии шӯроҳои маҳаллӣ дар ташаккули ҳокимияти иҷроия хеле пурзӯр карда мешавад.
– Тартиби ғайр аз депутатӣ соҳиби вазифаи дигар будани депутати шӯрои маҳаллиро бекор мекунанд.

3.Дар сохтори суду ҳуқуқ ислоҳоти куллӣ гузаронида мешавад.
– Тағйиротҳои амиқ тавассути бунёди сохтори кафолати адолат дар ҳокимияти судӣ, дар сохтор босуръат кардани ҷараёни «ивазшавии хун» ва ба соҳа ҷалб кардани вакилони авлоди нав амалӣ мегардад.
– Муассисаҳои иҷрои ҷазо аз тасарруфи Вазорати корҳои дохилӣ ба тасарруфи Вазорати адлия гузаронда мешавад. Асосҳои ҳуқуқии ба ҷомеа зуд ва самаранок мутобиқ шудани шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои иҷрои ҷазо муддати ҷазоро гузашта, ба озодӣ баромадаанд, пурзӯр карда мешавад.
– Институти адвокатӣ ислоҳ шуда, сохтори адвокатураи ҷозибанок ташаккул дода мешавад. Асосҳои қонунмандии ба соҳа дахлдорро такмил медиҳем. Институти наве, ки шаҳрвандони имкониятҳои молиявиашон маҳдуд муроҷиат карда метавонанд ва субсидияҳои давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ташкил карда мешавад.


III. Роҷеъ ба ривоҷдиҳии иқтисодиёти мамлакат

1.Барномаи давлатии инноватсионии 5‑сола дар бораи ба охир расондани иштироки давлат дар иқтисодиёти мамлакат қабул мегардад.

2.Дар бораи зуд ба охир расондани нақши давлат дар иқтисодиёт чораҳои аниқ муайян гардида, дар корхонаҳое, ки ҳиссаи давлат ҳаст, ҷараёнҳои трансформатсия амалӣ мешаванд.
Ҳиссаи давлат дар корхонаҳое, ки ба буҷети давлат сарборӣ мешаванд, ба инвесторҳои стратегӣ фурӯхта мешавад.
– Сохторе, ки дар он имтиёз ва преференсияҳои ихтиёрӣ танҳо бо қонун муайян карда мешаванд, бунёд мегардад. Дар иқтисодиёт барои ҳама имконият ва шароитҳои баробар фароҳам оварда мешаванд. Анъанаи бо фармонҳои Президент ва қарорҳои ҳукумат додани имтиёз ва преференсияҳо бекор карда мешавад.
– Соҳаи хизмати коммуналиро хусусӣ мекунанд. Ҷонибе, ки хизмати коммуналӣ мерасонад, ба сифати тарафи хизматрасонандаи манфиатдор аз нав ташкил карда мешавад. Ба соҳибкорони хусусӣ дар хизматрасонии коммуналӣ имкониятҳои устувор фароҳам оварда мешавад.
– То соли 2026 авфи сармоя (капитал) ба соҳибкорон бошад, авфи (амнистия) андоз эълон мекунем.
– Ба соҳибкороне, ки сармоя доранду аз сабаби эътиқоди худ бо сохтори дар амалбудаи бонк ва молия ҳамкорӣ намекунанд, барои бо сармояи худ дар иқтисодиёти мамлакат гузоштани ҳисса, иштироки фаъолона дар сохтори иқтисодӣ замина фароҳам меоранд.

3.Барои кордиҳандагон сохтори суғуртаи ҳатмӣ кардани ходимон роҳандозӣ карда мешавад.
– Ҳифзи иҷтимоии ходимони коргар таъмин мегардад. Дар шартномаи меҳнатӣ ба ҳамаи ҳолатҳо – аз тандурустии ходим то талабҳои иҷтимоии ӯ кафолат медиҳанд.

4.Сохтори нави ба арзишҳо такякардаи дастгирии аҳолии камтаъмин роҳандозӣ карда мешавад.
– Сохтори рағбатнок, аз ҷумла, ба мукофотҳои давлатӣ тавсия кардани шаҳрвандонеро, ки эҳсон, хайрия, ҳомигӣ ва закот барин арзишҳоро истифода бурдаанд, роҳандозӣ мекунанд.
– Тартиби тақдими имтиёзҳои андозро ба соҳибкороне, ки аъзои оилаи камтаъминшударо ба кор қабул кардаанд, роҳандозӣ мекунанд.


IV. Дар соҳаи адолати иҷтимоӣ, ҳурмат ба арзишҳо ва таъмини озодии шаҳрвандон

1.Барои беҳурматӣ ба расму оинҳои миллӣ, анъана ва арзиш (қадрият)-ҳои ташаккулёфта ҷавобгарӣ пешбинӣ карда мешавад.
– Сарқонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон бо меъёрҳо роҷеъ ба ҷавобгарии маъмурӣ барои беҳурматӣ нисбат ба расму оинҳои миллӣ, анъана ва қадриятҳое, ки дар халқи мо ташаккул ёфтааст, пур карда мешавад.

2.Асосҳои ҳуқуқӣ роҷеъ ба истифодаи васеи забони ӯзбекӣ, ба тараққиёти замонавӣ ҳамоҳанг шудани он пурзӯр карда мешаванд.
– Ба маоши шаҳрвандони миллати дигар, ки ба забони ӯзбекӣ коргузорӣ мекунанд, 25 фоиз иловапулӣ пардохта мешавад.
– Ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардани яке аз адабиётҳои илмие, ки ба соҳа вобаста аст, ба сифати шарти гирифтани унвони илмӣ дохил мегардад.
– Барои курсҳое, ки забони ӯзбекиро бепул меомӯзонад, субсидияҳо ҷудо мекунанд.

3.Озодии сухан ва демократикунонии ҷамъият идома меёбад.
– ВАО аз андози қимати иловагӣ озод карда мешавад.
– Сохторе бунёд карда мешавад, ки бар асоси он Президент роҷеъ ба муроҷиатҳое, ки 50 ҳазор овоз ҷамъ кардаанд, дар ВАО шахсан муносибат баён мекунад.

4.Қабулхонаҳои халқ ба марказҳои юридикии бемузд табдил дода мешаванд.
– Сохторе, ки ба муроҷиати ихтиёрӣ баҳои ҳуқуқӣ медиҳад, бунёд мегардад. Қабулхонаҳои халқ ба сохторе табдил меёбад, ки ба шаҳрвандон ба сифати зинаи якуми суди ба сохтори суди маъмурӣ интегратсия кардашуда хизматҳои консултативӣ мерасонад.
– Амалиёти гирифтани боҷи давлатӣ аз шахсони ҷисмоние, ки ба суд муроҷиат кардаанд, бекор карда мешавад.

5.Бунёди алимент ташкил мекунанд.
– Алиментҳое, ки дар давоми 3 моҳ пардохта нашудаанд, аз ҳисоби бунёд пардохта мешавад ва аз алиментдиҳанда ба воситаи маҳдуд кардани озодӣ ё ки ҷалбсозӣ ба меҳнати маҷбурӣ меситонанд.


V. Дар соҳаи сиёсати хориҷӣ

– Ташаббуси ба Сарқонуни Ӯзбекистон дохил кардани меъёре, ки иштирок дар лоиҳаҳои ба суверенитети мамлакат таъсиркунанда ва арзишҳои миллиро пастзанандаро таъқиқ мекунад, амалӣ карда мешавад.
– Ба ташкилоти умумиҷаҳонии савдо тезтар аъзо мешавем. Дар Сарқонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон меъёре акс мегардад, ки ба ҳар гуна ҳамкории иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии на танҳо ба манфиатҳои иқтисодӣ, балки қадриятҳо номутобиқ, роҳ намедиҳад.
– Осиёи Марказӣ ба майдони ҳамкории интегратсионии васеъмиқёс табдил меёбад. Дар сиёсати хориҷии Ӯзбекистон чун самти устувори аз ҳама муҳим бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Афғонистон муносибатҳои наздики иқтисодӣ ва сиёсӣ ба роҳ монда мешавад.
«Клуби мулоқот бо ӯзбекҳои дар хориҷабуда» ташкил гардида, барои ӯзбекҳое, ки дар минтақаҳои гуногуни дунё истиқомат мекунанд, майдони мулоқот бунёд карда мешавад. Бунёди дастгирии ӯзбекҳои дар хориҷабуда, хазинаҳои тарғиботи қадриятҳои миллии ӯзбекро ташкил мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ