ОЛИМЕ, КИ АДОЛАТРО БА МЕЪЁРИ ҲАЁТАШ ТАБДИЛ ДОДААСТ

Ман Баҳром Абдуҳалимовро, ки аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» номзад ба мақоми президентӣ нишон дода шудааст, аз давраи аспирантиаш таҳти роҳбарии илмии академик Музаффар Хайруллоев мешиносам. Зеро Музаффарака директори доимии Институти илмию тадқиқотии шарқшиносии ба номи Абӯрайҳон Берунии назди шӯъбаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ буд, ки ман раҳбарии онро ба ӯҳда доштам ва ба тарбияи кадрҳои баландихтисос таваҷҷӯҳи хоса медод. Музаффарака аз байни аспирантҳои сершумораш Баҳром Абдуҳалимовро ҳамчун яке аз ҷавонони болаёқат, ки забони русиро мукаммал азхуд кардааст, забонҳои арабӣ ва англисиро хуб медонад, дар хулқу одоб, забт намудани қуллаҳои илму фан назир надорад, алоҳида қайд кард. Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки шогирди болаёқат орзуи устоди серталаби худро ҷомаи амал пӯшондааст

Дар солҳои 2013-2014 бо шогирди дӯстдоштаи академик Музаффар Хайруллоев дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии ба номи Абӯрайҳони Берунӣ якҷоя кор кардам. Ҳоло Баҳром Абдуҳалимов на танҳо аспиранти болаёқат, балки доктори илмҳои таърих, ноиби президенти Академияи илмҳои Ӯзбекистон ва ҳамзамон директори Донишкадаи шарқшиносӣ мебошад.
Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии ба номи Абӯрайҳони Берунӣ дар масъалаҳои ҳифз, омӯзиш, ба феҳрист дарории ёдгориҳои мероси мадании хаттӣ на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар Осиёи Марказӣ маркази илмии беназир маҳсуб меёбад. Ин донишкада аз ҷиҳати ғановатмандӣ, беҳамтоӣ ва потенсиали илмии дастнависҳо, асарҳои хати сангӣ ганҷи маънавии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Бояд алоҳида таъкид кард, ки чунин ганҷинаҳои мероси фарҳангии нодир дар ҷаҳон каманд. Масъалаи ҳифз ва эҳтиёткорона нигоҳ доштани дастнависҳое, ки дар хазинаи он ҷамъ шудаанд, солҳои тӯлонӣ мушкилиҳои зиёд доштанд. Баҳром Абдуҳалимов аз рӯзи аввали раҳбарӣ ба ин муассисаи илмӣ ба ҳалли ин мушкилот таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кард. Вай тасмим гирифт, ки як бинои алоҳида бо иншоот ва шароити муосир бунёд кунад, то хазинаи иборат аз дастнависҳои беназир дар пуррагӣ нигоҳ дошта шаванд. Вай дар ин бобат аз робита ва ҳамкории дӯстона бо ҷомеаи илмии кишварҳои араб истифода бурд. Дар натиҷа, бо талошҳои ӯ дар ҳамкорӣ бо Салтанати Уммон бинои нави Донишкадаи шарқшиносӣ ва хазинаи боҳашамат сохта шуд, ки дастнависҳои нодири Ӯзбекистонро дар сатҳи стандартҳои байналмилалӣ ҳифз мекунад. Имрӯз бинои донишкада ва хазинаи дастхатҳо, ки бо услуби шарқона сохта шудаанд, на танҳо ба макони ифтихори халқи ӯзбек, балки ба яке аз марказҳои нодири таърихӣ ва илмии молики аҳамияти байналмилалии Академияи илмҳо ва тамоми мамлакатамон табдил меёбад. Бори дигар гуфтаниам, ки Баҳром Абдуҳалимов дар ин кори пуршараф саҳми калон гузоштааст.
Дар тӯли солҳои гузашта Баҳром Абдуҳалимов ба вазифаи ба зиммааш гузошташуда тамоми ҳастӣ ва ақлу заковаташро бахшида, ба арбоби масъ­улиятноки давлатӣ ва ҷамъиятӣ табдил ёфт. Вай раҳбари ташаббускоре гардид, ки ба тартибот ва қоидаҳои давлат қатъӣ риоя намуданро вазифаи худ медонад. Вай шахси ботаҷриба, хеле боандеша ва донишманд аст. Вай зиёиест, ки тараққиёти кишварро бе рушди илм тасаввур карда наметавонад. Дар роҳи рушди ҳамаҷонибаи Модар-Ватан — Ӯзбекистони мустақил меҳнат карданро вазифаи муқаддас меҳисобад. Ӯ анҷом надодани ягон кореро, ки ба пешрафти миллату кишвар хидмат мекунад ва ё ба он бепарво нигоҳ карданро ҷиноят мешуморад.
Аз каналҳои телевизион аз ҷониби Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» дар интихоботи қарибулвуқӯъ ба президентии Ӯзбекистон пешбарӣ шудани номзадии ӯро шунида, ҳарчанд дар сафари экспедитсия бошам ҳам, ба воситаи телефон табрик кардам. Бори дигар боварӣ ҳосил намудам, ки Баҳром Абдуҳалимов бо сифатҳои шахсии худ барои ояндаи кишвар талош мекунад. Мо дар ҷомеаи демократӣ зиндагӣ мекунем. Шиори бунёди ҷомеаи демократӣ роҳи тамоми кишвари мо, зиндагии мо, тарзи зиндагии мо шудааст. Ин нияти нек дар қалби Баҳром Абдуҳалимов инъикос ёфтааст. Ман бо барномаи пешазинтихоботии ӯ шинос шуда, ба он бори дигар боварӣ ҳосил кардам. Ман шодам, ки ба дарёфти ҳалли амалии муаммоҳои дар барнома зикршуда камар бастааст.
Дар барномаи пешазинтихоботӣ, ки аз ҷониби аъзои Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» ва раиси Шӯрои сиёсии он таҳия шудааст, дарёфти ҳалли амалии масъалаҳои мубрами рушди ҷомеа пешбинӣ шудааст. Вай оиди меъёри фаъолияташ истода гузашта, навиштааст: «Ба тамоюлҳои шаффофият ва ошкорбаёнӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ қатъиян риоя мекунам ва мақоми ҳуқуқии рӯзноманигорон ва блогнависонро ба дараҷаи меъёрҳои байналмилалӣ боло мебардорам». Худи ин ҷасорат аст ва дар зери он ниятҳои бузург ниҳон мебошанд.
Бояд кушоду равшан гуфт, ки имрӯз барои рушди кишварамон фасод монеаи ҷиддӣ мегардад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди он ба яке аз масъалаҳои асосии сиёсати давлат табдил ёфтааст. Дуруст аст, ки барои рафъи ин падидаи манфӣ дар сатҳи давлатӣ созмонҳои гуногун таъсис дода мешаванд, сохторҳои гуногунро таҳия мекунанд. Мутаассифона, инҳо самараи комилан мусбат намебахшанд. Номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» сабаби инро дар андешида нашудани чораҳои қатъӣ ба коррупсия мебинад. Ин аст, ки ӯ дар барномаи худ муборизаи шадид бо коррупсия ва фасодкоронро яке аз муҳимтарин масъалаҳои рӯзмарра нишон медиҳад ва ин корро ҳадафи асосӣ меҳисобад.
Дар барномаи пеш­азинтихоботии номзад ба мақоми президентӣ Баҳром Абдуҳалимов ба масъалаи дар рушди ҳамаҷонибаи кишвар масъалаи ҳаёту мамот будани мушкилоти қувваи барқ, зиёд будани роҳҳои ба даст овардани энергия, аммо дар байни онҳо ояндаи дурахшон доштани гузариш ба энергияи офтобӣ эътибори алоҳида дода шудааст. Баҳром Абдуҳалимов дар ин масъала дар мавқеи қатъӣ истода, ваъда медиҳад, ки дар миқёси васеъ истифода бурдан аз энергияи офтобиро ба роҳ мемонад.
Дар барномаи номзад таъкид меёбад, ки дар таъмини ҳуқуқи шахсӣ, дахлнопазирии шахс, дахлнопазирии мулк, дахлнопазирии манзили истиқоматӣ, дахлнопазирии олами ҳайвонот қатъият нишон додан, дар ҷамъият ба тағйир додани мулки шахс, давлат қатъӣ истода тавонис­тан, муборизаи беамон бурдан бар зидди экстремизм ва терроризм яке аз мақсадҳои асосии Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» ба ҳисоб меравад.
Дар ҳаёти воқеӣ табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, хусусан оилаҳои ҷавон, ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз доранд. Нархи манзилҳое, ки сохта мешаванд, хеле баланд аст. Дар барнома масъалаи ноил шудан ба якбора паст кардани нархи манзил ба миён гузошта шудааст. Ҳамчунин, барҳам додани маҳдудиятҳо дар муайян кардани нафақа, ноил шудан ба таъин намудани нафақа дар асоси маоши мувофиқи меҳнаташ гирифтаи ҳар як шаҳрванд аз ғояҳои асосии номзад дар барномаи пешазинтихоботии ӯст.
Дар барномаи пешазинтихоботии Баҳром Абдуҳалимов ҳамчунин фароҳам овардани низоми «тиббиёти оқил» дар соҳаи тиб, чораҳои пешгирии ҳама гуна бемориҳое, ки дар байни кӯдакон паҳн шудаанд ва таваҷҷӯҳи махсус ба таҳқиқоти илмие, ки ба пешгирии онкология, сил ва диабети қанд нигаронида шудаанд, аз эътибор дур намондаанд. Мо ҳатман ба ҳаннотии марбут ба нархи доруҳо хотима медиҳем, мегӯяд роҳбари ҳизб.
Дар соҳаи маънавиёт номзад ба нақша гирифтааст, ки дар ҷомеа Кодекси «Қоидаҳои одобу ахлоқи ба арзишҳои таърихӣ асосёфта»-ро офарад.
Дар самти иқтисодиёт иқтисоди рақамиро дастгирӣ мекунем. Лоиҳаи «Консепсияи таъмини шуғли аҳолӣ дар иқтисодиёти рақамӣ – 2030»-ро ҷорӣ хоҳем кард. Мо бо пурзӯр гардондани рақобат монополияҳоро аз байн мебардорем. Шартномаи байни фармоишгар ва таъминкунандаро ба як санади ҳуқуқӣ табдил ва ба дахолати ҳукумат ба ин раванд хотима медиҳем. Мо чунин мешуморем, ки барои таҳкими қудрати иқтисодии кишвар ҳама пардохтҳо (ҷарима, боҷи давлатӣ, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ) бояд пурра ба буҷети давлат гузаронида шаванд. Номзад ба мақоми президентӣ дар барномаи пешазинтихоботии худ қайд менамояд, ки мо сифати маҳсулотро сахт назорат мекунем, стандартҳои возеҳ ҷорӣ мекунем ва барои амалҳое, ки ба истеҳсоли маҳсулоти пастсифат ва ба таври сунъӣ боло бурдани нарх нигаронида шудаанд, ҷазои сахттар ҷорӣ хоҳем кард.
Инчунин, дар барномаи пешазинтихоботии номзад ба мақоми президентӣ ҳар як масъала, ҳар як паҳлӯи воқеияти иҷтимоӣ дар робита бо мафҳумҳои адолат, ҳақиқат, маънавият омӯхта шуда, роҳҳои ҳалли онҳоро нишон додаанд. Ин бесабаб нест, албатта. Дар ҷаҳон ҳама гуна кор, мушкилотро ҳал кардан, дар ҳаёт ба татбиқи амалӣ ноил шудан мумкин аст. Аммо агар он мушкилот, агар он кор бар асоси адолат ва ҳақиқат сурат нагирад, агар ба кишвар ва мардум фоидае нарасад, кори анҷомдода мисли барфи саратон хоҳад буд. Ба ин маъно метавон гуфт, ки суханони адолат ва ҳақиқат дар барномаи пешазинтихоботии Баҳром Абдуҳалимов шиори ҳаётӣ, меъёри зиндагии ӯ аст.
Дарвоқеъ, ҳамаи масъалаҳое, ки аз барномаи пешазинтихоботии Баҳром Абдуҳалимов ҷой гирифтаанд, рӯзмарра буда, боварӣ дорам, ки Баҳром Абдуҳалимов барои ба ҳаёт татбиқ кардани онҳо бо фаъолони ҳизби «Адолат» пайваста ҳамкорӣ хоҳад кард. Чунки ӯ яке аз роҳбарони ниҳоят қатъиятнок буда, на ҳафт, балки ҳафт ҳазор бор чен карда, як бор мебуррад ва ба иҷрои ҳар гуна кор қодир аст. Ман ба – Баҳром Абдуҳалимов, номзаде, ки адолатро меъёри асосии зиндагиаш табдил додааст овоз медиҳам ва дигаронро даъват мекунам, ки ба ӯ овоз диҳанд.

Аҳмадалӣ АСКАРОВ,
академики Академияи илмҳои Ӯзбекистон, арбоби шоистаи фанни Ӯзбекистон, барандаи мукофоти давлатии ба номи Абӯрайҳон Берунӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ