Сарнавишти фарзандони мо дар дасти Шумо!

Имрӯз таҳти ташаббуси сарвари давлат Шавкат Мирзиёев дар соҳаи таълим ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ мегардад. Онро бо маъно ва муҳтавои амиқтару нав пурра сохтан, ба даст овардани тараққиёти миллӣ фақат аз худи мо, аз дӯстӣ ва ҳамбастагии халқамон, аз меҳнати фидокорона ва иродаи матини мардумамон вобаста аст.
Мо дар ин самт пеш аз ҳама ба муаллимон ва мураббиён, ки сарнавишти миллионҳо нафар фарзандон, писару духтарони азиз, ояндаи Ӯзбекистонро бовар кардаем, такя мекунем.
Воқеан, устод бузургтарин ва соҳибэҳтиромтарин шахс ба шумор меравад. Ҳангоме, ки ин калимаро ба забон меорем, моро ҳиссиёти гуворое фаро мегирад.
Устод ҳар яки моро дарси дӯстиву рафоқат, одамгариву садоқат меомӯзад, меҳри Ватанро дар қалбамон ҷо мекунад. Маҳз бо меҳнати пайвастаи муаллимон имрӯз ҷомеа пеш меравад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд устоди худро эҳтиром намуда, ба қадри заҳматҳои онҳо бирасем.
Аз фурсат истифода бурда, муаллим ва мураббиёни азизро бо иди касбӣ табрику муборакбод мекунам ва ба ҳамаи онҳо тансиҳатӣ, умри дароз, хонаободӣ, бахту иқболи накӯ, дар тарбияи насли наврас бошад, беҳтарин комёбиҳоро таманно дорам.
Идатон муборак, устодони азизу арҷманд!

Акбар Маҳмудов, раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ