Тирпарронӣ дар зиндони Эквадор 116 кушт

Дирӯз бар асари тирпаронӣ дар як зиндони Эквадор дар шаҳри Гуаякил 116 нафар кушта ва 80 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора раисҷумҳури кишвар Гиллермо Лассо хабар дод.

«Ин фоҷиаи бузург аст» гуфт ӯ. То кунун 116 нафар кушта ва тақрибан 80 нафар захмӣ шудаанд. Ҳама маҳбусон ҳастанд» — гуфт Лассо дар нишасти хабарӣ.

Лассон гуфт, ки ӯ фармонеро дар бораи эътибори 60-рӯза дар муассисаҳои ислоҳии кишвар барои «барқарор кардани тартибот ва пешгирии хушунатҳои нав» имзо кардааст.

«Мо дар бораи таҳдид дар дигар муассисаи ислоҳӣ ҳеҷ маълумоте надорем, аммо бо назардошти он ки ин ҳолат дар зиндонҳо як ё ду сол боз рух дода истодааст, боз метавонад рӯй диҳад», — гуфт сарвари давлат.

Барои маълумот, гуфта мешавад, ки баҳси гурӯҳҳои гуногун дар зиндони Гуаякил боиси тирпарронӣ шудааст. Ҳоло вазъиятро назорат доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ