Русия 500 нафари дар ҷустуҷӯ қарордоштаро ба Ӯзбекистон фиристод

Дар давоми се соли охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия тақрибан 500 нафарро, ки дар ин кишвар таҳти пайгард буданд, ба Ӯзбекистон истирдод карданд.

Додситони кулли Ӯзбекистон Неъматуллоҳ Юлдошев гуфт: «Дар се соли охир ба мақомоти Русия беш аз 60 дархост дар бораи кумаки ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ, инчунин тақрибан 670 дархост дар бораи истирдоди афроде, ки барои содир кардани ҷиноятҳо дар Ӯзбекистон мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд, фиристода шуд. Дар натиҷа тақрибан 500 нафар чунин шахсон ба Ӯзбекистон истирдод шуданд.» Русия ҳам ба Ӯзбекистон тақрибан 200 дархост фиристодааст.

Додситонии кулли Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки таҷрибаи Русияро дар соҳаи пешгирии ҷинояткорӣ, инчунин истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ омӯзад ва роҳандозӣ кунад.

Юлдошев дар ин маврид гуфтааст: «Расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ, муайян кардани фирориён ва таъмини ногузирии ҷазо ба баланд шудани самаранокии мубориза бо ҷинояткорӣ мусоидат мекунад. Дар ин робита мо манфиатдорем, ки таҷрибаи Русияро омӯзем.»

Миёни Русия ва Ӯзбекистон барномаи ҳамкории мақомоти танзимкунандаи ду кишвар ба имзо расид. Ҷониби Русия гуфтааст, ки ин ҳуҷҷат «ҳадафи баланд бардоштани самаранокии талошҳои муштарак дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дорад».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ