Навалний барандаи ҷоизаи «Ритсари озодӣ» шуд

Ҷоизаи мазкур аз ҷониби Бунёди Казимир Пулавскии Лаҳистон таъсис ёфтааст. Он аз соли 2005 ба шахсоне дода мешавад, ки дар рушди демократия, озодӣ ва баробарҳуқуқӣ дар саросари ҷаҳон саҳми арзанда гузоштаанд. Қаблан ягона русе, ки ин ҷоизаро гирифта буд, Михаил Ходорковский буд.

Маросими ҷоизасупорӣ 5 октябр дар Варшава баргузор мешавад. Навалний бо парвандаи “Ив Роше” дар зиндон аст ва ҷоизаро ба ҷои ӯ рафиқонаш Владимир Милов ва Леонид Волков қабул мекунанд.

Бунёди Казимир Пулавский як маркази таҳлилӣ аст, ки ба сиёсати хориҷии Лаҳистон ва амнияти байналмилалӣ тахассус дорад. Бунёд ба номи генерали поляк Казимир Пулавский гузошта шудааст, ки дар асри 18 худро қурбон кардааст. Фонд аз 60 коршинос иборат аст, ки самтҳои асосии таҳқиқоти онҳо Русия ва фазои пасошӯравӣ мебошанд. Ҳар сол бунёд Форуми Амнияти Варшаваро баргузор мекунад, ки дар он намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои НАТО иштирок мекунанд.

Аввали ҳамин сол Алексей Навалний барандаи Ҷоизаи Бунёди Борис Немтсов ва Ҷоизаи Форуми Ҳуқуқи Башари Женева гардида буд.

Қаблан таҳқиқоти муштараки чандин расонаҳо дар бораи заҳролудшавии Навалний барояш ҷоизаи телевизиони Амрико “Эмми” дар бахши «Пурсиши ахбор» -ро дода буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ