Марди 112 солаи испанӣ асрори дарозумрии худро гуфт

Сатурнино де ла Фуенте Гарсиаи 112-сола, ки дар шаҳри Леони Испания зиндагӣ мекунад ва ҳамчун пиртарин одами ҷаҳон ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид шуда, сирри асосии дарозумриро гуфт.
Гарсия 11-уми феврали соли 1909 дар Леон ба дунё омадааст, аммо худи ӯ зодрӯзашро 8-уми феврал таҷлил карданро афзалтар медонад. Ин марди испанӣ тамоми умр ҳамчун кафшдӯз кор кардааст ва яке аз асосгузорони клуби футболи маҳаллӣ мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, сирри асосии дарозумрии ӯ дар он аст, ки ӯ зиндагии осуда гузаронд ва ба касе зараре нарасонд.
Соли 1933 ӯ ба Антонина Баррио Гутиеррес хонадор шуд ва онҳо соҳиби ҳашт фарзанд — ҳафт духтар ва як писар гаштанд.
Гарсия ҳоло бо духтар ва домодаш зиндагӣ мекунад. Гарсия оилаи калон дорад — бобои 14 набера ва 22 абера аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ