Фоида ва зарари қаҳва ба организми инсон


Нӯшидани қаҳва, фоида ва зарари он ба ҳар кас таъсири гуногун дорад. Амиқтар карда гӯем, агар ин нӯшокӣ ба як нафар фоидаовар бошад, ба каси дигар ҳатман зараровар аст.
Ба киҳо нӯшидани қаҳва зараровар аст?
Агар пас аз нӯшидани қаҳва таппиши дилатон тез гардад, бедорхобӣ ва бадхашмӣ дар шумо ба вуҷуд ояд, дар ин ҳолат аллакай худи шумо аз нӯшидани қаҳва даст мекашед.
Ҳолати дигар — ин аз нӯшидани қаҳва шумо ҳаловат мебаред ва аз ин одати худ даст кашида наметавонед. Бешубҳа, қаҳва барои одамоне, ки фишори баланди хун доранд ва аз бемориҳои гуногуни дил азият мекашанд, зараровар аст. Яъне, нӯшидани қаҳва ба гирифторони бемориҳои касалии дил тавсия дода намешавад. Зеро истеъмоли ин нӯшокӣ танзимгарии таппиши дилро вайрон мекунад ва кори дил бад мегардад. Инчунин, бӯҳрони фишорбаландии хун сар заданаш мумкин аст.
Ба одамоне, ки гирифтори касалии гурда мебошанд, нӯшидани қаҳва мумкин нест. Зарари қаҳва ба гирифторони ин беморӣ исбот шудаааст.
Нӯшидани қаҳва ба киҳо фоидаовар аст?
Давоми рӯз нӯшидани ду-се пиёла қаҳва ба инсони солим зараровар набуда, балки рӯҳбаланд мегардонад. Вале аз як литр зиёд нӯшидани қаҳва қатъиян манъ аст, зеро дар таркиби каҳва қисми ками бензин мавҷуд аст, ки ба организми инсон хеле зараровар мебошад.
Аз субҳ нӯшидани як пиёла қаҳваи рӯҳбалансозанда барои одамон фоидавар мебошад. Инчунин, он дорои хусусияти паст кардани фишори хун буда метавонад. Ба ғайр аз ин, қаҳва дорои витаминҳои А, D, P мебошад. Бар замми ин, дар пӯсти донаҳои қаҳва равғани нарму хушбӯйи эфир мавҷуд аст. Бӯйи хуши он кори системаи асабро беҳтар гардонида, табъи инсонро болида месозад ва хастагиро рафъ карда, хобро дур месозад.
Чӣ тавр бояд қаҳва нӯшид, то фоида ва зарари онро дар организм баробар гардонем?
Барои паст кардани зарари қаҳва ба кори рагҳои хунгард ва дил ҳангоми тайёр шудани қаҳва пораҳои хурди решаи тарошидашудаи занҷабил (имбирь) ё гардбаргаи гули заъфаронро андозед.
Шир, қаймоқ ва шакар низ таъсири бади қаҳваро ба организм паст мегардонанд.
Тавсия дода мешавад, ки қаҳваи сиёҳро ниҳоят гарм нанӯшед, ҳарорати гармии он набояд 50-60 градус селсия боло бошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ