Донистаниҳои аҷиб дар бораи бозиҳои олимпӣ

Шояд дар байни шумо нафаре набошад, ки бобати бозиҳои олимпӣ нашунида аст.

Таърихи пайдоиши ин намуд бозиҳо дар кишвари Юнони Қадим ибтидо гирифта, замоне аз байн рафта аз хотираҳо фаромӯш ҳам шуда буданд. Аммо дар ҳоли ҳозир ба қатори бозиҳои олимпӣ намудҳои нав ба нав ҳамроҳ шуда, то рафт ин соҳа васе шуда меравад.
Яке аз лаҳзаҳои ҷолиб дар вақти маросими кушоишодашавии даври 11-уми бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар соли 1972 дар Ҷопон рух дода буд. Яке аз тамошобинон пай бурд, ки ҳалқаҳои рамзии олимпиада дар парчами бардшташуда нодуруст ҷойгир шудаанд. Ана ҳамон лаҳза ҳайъати ҳакамон ҳам пай бурданд, ки давоми 20 сол ин парчам бо рамзи нодуруст бардошта шудааст ва он дам касе онро надидааст.
Эстафетаи машъали олимпӣ дар соли 2014 тӯлонитарин дар таърихи ин бозиҳо буд. Он 7 октябри соли 2013 дар Маскав оғоз ёфт ва 7 феврали соли 2014 дар Сочи ба итмом расид. Оташи олимпӣ беш аз 60 000 км роҳро тай кард ва теъдоди мшъалбадастон аз 14 ҳазор гузашт. Аслан анъанаи фурӯзон кардани машъали олимпӣ танҳодар соли 1952 дар Олимпиадаи Норвегия баргардонида шуд.

Медали тиллое, ки барои сазоворони ҷойи аввал месупоранд, қариб сад сол боз тилло нест, балки ҳамагӣ каме зарҳалкорӣ шудааст. То соли 1912 ин гуна медалҳо пурра аз тиллои холис сохта мешуданд, баъдан аз нуқра сохта, ҳамагӣ 1 фоиз тилло ҳамроҳ мекардагӣ шуданд. Варзишгари амрикоӣ Эдди Эган Олимпиадаи соли 1920 дар мусобиқаи бокс миёни гаронвазнон чемпион шуд. Соли 1932 бошад Эган он қадар муваффақ буд,ки ҳам дар бозиҳои олимпии зимистона ва ҳам дар тобистона, дар ду намуди варзиш ғолибият ба даст овард.

Норвегия дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ нисбат ба дигар кишварҳо хеле пешсаф буда, беш аз 260 медал ба даст овардааст. Пнҷ ҳалқаи рамзи бозиҳои олимпӣ нишонаи панҷ қитъаи бо ҳам дӯсти сайёра мебошад. Ранги ҳалқаҳо бошанд дар парчами ҳамаи кишварҳо лоақал як рангашон ҳаст. Соли 1896, дар Афина, дар Бозиҳои якуми олимпӣ пас аз эҳёи онҳо мукофоти асосӣ медали нуқра ва шохаи зайтун буд. Барои ҷойи дуввум медали биринҷӣ медоданд ва барои сеюм ҳеҷ чиз тӯҳфа намешуд.

Соли 1900 дар Фаронса ба ҷои медалҳо ғолибони Бозиҳои олимпӣ бо расмҳо мукофотонида мешуданд. Дар ҳар як иёлот, ғолибонро ба таври худ ҳар хел тӯҳфа медод. Маҳз медал супоридан танҳо дар соли 1904 сар шудааст. ввал ҳангоми кушодашавии бозиҳои олимпӣ селаи бузурги кабӯтаронро сар медоданд. Соли 1988 дар Сеул як села кабӯтарон наздики машъал нишаста қанотҳояшон сӯхтанд. Бааъдан дигар кабӯтар сар доданро манъ карданд. Соли 1956 варзишгарони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ бори аввал дар Бозиҳои зимистона иштирок карданд. Ва то ба он дараҷае, ки аз рӯи шумораи мукофотҳои ба даст оварда, аз ҳамаи кишварҳо пешсаф гардиданд.

Барои Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи, дар тамоми таърихи мусобиқаҳои зимистона шумораи рекордии тӯҳфаҳо , яъне 1300 адад медал тайёр карда шуданд ва он ҳама аз тарафи ғолибон ба даст оварда шудааст. Барои стеҳсоли ин миқдор медал, тақрибан 3 кг тилло, 2 тонна нуқра ва 700 кг метали биринҷиро сарф кардаанд. Гимнаст Керри Страг, ки дар Олимпиадаи 1976 дар Ҷопон бозӣ кардааст, ҳангоми иштирок собунаки зонуҳояшро шикаст. Рӯзи дигар, ӯ бояд барои ноил шудан ба медали тилло бо ҳалқаҳо (кольца) ҳунарнамоӣ мекард. Бе ягон доруи таскиндиҳандаи дард ӯ бомуваффақият машқро иҷро карда, дарди даҳшатнокро паси сар кард. Ба туфайли ӯ даста медали тилло ба даст овард.

Соли 2002 дар Олимпиада лижарони фаронсавӣ як пойи лижаашро 30 метр пеш аз марра гум кард. Аммо варзишгар бетағйир монд ва дар як пой мутавозин шуда, ба марра расид. Соли 1932, масъулони кишвари Бразилия варзишгарони худро ба Бозиҳои олимпӣ бе пул, вале бо мошини пурр аз қаҳва фиристод. Тахмин карда мешуд, ки онҳо молро дар ягон бандар фурӯшанд ва ба ин васила барои худ маблағгузорӣ кунанд. Мутаассифона, ин идея натиҷа надод, аз ин рӯ баъзе варзишгарони бразилӣ барои ниёзҳои худ худашон пардохт карданд ва баъзеҳо ноумед ба хона баргаштанд.

Соима Саидӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ