Ҳукумати Ҷопон истеъфо дод

Ҳукумати Ҷопон таҳти сарварии сарвазир Ёсихидэ Суга ба таври пурра истеъфо дод. Дар ин бора хабаргузории Киодо хабар додааст.
Аввалҳои моҳи сентябр Ёсихидэ Суга, ки моҳи сентябри соли 2020 сарвазир шуд, эълом дошт, ки номзадии худро ба роҳбарии ҳизб пешбарӣ намекунад, яъне ин маънои истеъфои сарвазирро дорад. Фумио Кишида, ки солҳои 2012-2017 дар ҳукумати Шинзо Абэ вазири корҳои хориҷӣ буд, дар интихоботи ҳизб пирӯз шуд.
Дирӯз, 4 октябр, ҳарду палатаи парлумони Ҷопон ба номзади сарвазир овоз медиҳанд ва пас аз он сарвазири нав кобинаи худро ташкил медищад.
Сардори ҳукумат бо аксарияти овозҳо аз байни номзадҳои пешбаришудаи ҳизбҳо интихоб карда мешавад. Мувофиқи қонун, ин ҳизбҳои пешсаф хоҳанд буд.
Ҳамин тариқ, раҳбари ҳизбе, ки дар парлумон бештар ҷой дорад, сарвазир мешавад.
Ҳоло Ҳизби либерал -демократӣ пешсаф аст, яъне Фумио Кишида садумин сарвазири Ҷопон хоҳад буд.
Сиёсатмадор мехоҳад имрӯз расман ҳукумат ташкил кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ