Калисои католикии Фаронса чиро муайян кард?

Рӯзи якшанбеи 3-юми октябр, расонаи Франс Пресс (AFP) навиштааст, ки тибқи ҳисобҳои комиссияи мустақили Калисои католикии Фаронса дар давоми 70 сол дар доираи Калисоҳои католикии ин кишвар аз 2,9 ҳазор то 3,2 ҳазор педофил хидмат кардаанд.

Агентӣ тавзеҳ дод, ки комиссия зиёда аз дувуним сол боз таҳқиқот гузаронида, давраи аз соли 1950 то имрӯз, давоми 70 солро дар асоси ҳуҷҷатҳои бойгонии калисо, додгоҳ, полис ва шоҳидон тафтиш кардааст.

Ба гуфтаи раҳбари комиссия Жан-Марк Саув, омӯзиш байни аъзои калисо аз 2900 то 3200 педофилро муайян кардааст. Вай истисно накард, ки метавонад аз ин зиёдтар бошад.

Ҳисоботи комили комиссия рӯзи сешанбе, 6 октябр нашр мешавад ва он аз 2500 саҳифа иборат аст.

Соли 2018 аз ҷониби Калисои католикии Фаронса дар посух ба моҷарои педофилия дар дохили калисо як комиссияи мустақил таъсис дода шуд. Он аз 22 нафар иборат аст, аз ҷумла ҳуқуқшиносон, таърихшиносон, ҷомеашиносон, мутахассисони соҳаи тиб ва теологҳо.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ