Дар асоси қарори ҳукумат консепсияи нав таҳия карда мешавад

Қарори Ҳукумат аз 30 сентябри соли 2021 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба минбаъд такмил додани низоми рушди ихтисос ва дониш касбӣ» қабул карда шуд.
Бо қарор инҳо тасдиқ какрда мешаванд:
Сохтори Институти тадқиқоти бозори меҳнати назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ ва Низомнома дар бораи институт;
Низомномаи намунавӣ дар бораи Шӯроҳои соҳавӣ оид ба рушди малака ва дониши касбӣ;
Низомномаи намунавӣ дар бораи Маркази арзёбии тахассус.
Фаъолияти институти меҳнат аз ҳисоби Фонди давлатии мусоидат ба шуғл ва дигар манбаъҳое, ки санадҳои қонунгузорӣ манъ накардаанд, маблағгузорӣ карда мешавад.
Тибқи Қарор, то 31 декабри соли 2021 инҳо таҳия карда мешаванд:
консепсияи меъёри меҳнат дар Ӯзбекистон, ки ба талаботи иқтисоди бозаргонии замонавӣ ҷавобгӯ аст;
чораҳои амалӣ оид ба ташаккули механизми идоракунии стратегии системаи рушди тахассус ва донишҳои касбӣ.
Аз 1 ноябри соли 2021 аз ҷониби институти меҳнат инҳо ташкил ва дастгирӣ карда мешавад:
низоми арзёбии ниёз ба кадрҳои баландихтисос ва махзани маълумот оид ба стандартҳои касбӣ ва арзёбии мустақил;
махзани ягонаи касбҳое, ки ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба онҳо талабот зиёд аст.
Мувофиқи қарор дар низоми Инспексияи давлатии меҳнати назди Сарраёсати шуғли шаҳри Тошканд инчунин Маркази омӯзиши ҳалли низоъ ва муроҷиатҳои меҳнатӣ, ки мақоми шахси ҳуқуқӣ надоранд, дар тартиби таҷрибавӣ-озмоишӣ ташкил карда мешавад, хабар медиҳад канали ҳуқуқии Вазорати адлия.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ