Овози дилу ҷони ҷаҳонсози Самарқанд…

Бо рӯзномаи тоҷикии вилояти Самарқанд — «Овози Самарқанд» солҳои зиёд аст, ки ошноӣ дорам. Агар хато накунам, бори аввал 11 сол пеш, ҳангоми сафари худ ба Самарқанд аз дӯкони матбуотӣ чанд нусхаи «Овози тоҷик» ва «Овози Самарқанд»-ро пайдо намуда будам. Зимни сафар ба Самарқанд ин навбат ба мо муяссар шуд, ки меҳмони идораи рӯзнома шуда, бо ҳайати эҷодии он ошно шавем.
Сардабири рӯзнома- журналисти варзида ва олими нуктасанҷ Баҳодур Раҳмонов моро хуш истиқбол гирифта, аз таърихи рӯзнома ва фаъолияти имрӯзаи он қисса намуд. Боиси шодмонист, ки бо ташаббусҳои бевоситаи муассис ва роҳбарияти рӯзнома чорабиниҳои зиёди фарҳангию иҷтимоӣ ва варзишӣ гузаронида мешаванд. «Овози Самарқанд» дар тарғиби чорабиниҳои муҳим саҳми фаъол дошта, барои инкишоф ва рушди забони тоҷикӣ дар минтақа хизмати босазо менамояд. Вижагии дигари фаъолияти кормандон дар он зоҳир мегардад, ки аз технологияҳои муосир ба таври густурда истифода бурда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои худро доранд, ки хонандагони зиёде аз ҳар гӯшаи дунё онро пайгирӣ менамоянд. Дар шабакаи телеграми он – t.me/ovozisamarqand, ки муштариёни зиёд дорад, ҳамарӯза даҳҳо маводи ҷолиб ва хабарҳои фаврӣ гузошта мешаванд. Шурӯъ аз соати 6-и субҳ дар Телеграм ба гузоштани маводи ҷолиб ва ахбори зарурӣ оғоз менамоянд.
Аз суҳбат бо қаламкашони рӯзнома- Тошқул Азимов, Бахтиёр Ҷумъаев, Баҳодур Раҳмонов, Ҷамшед Обидов, Наврӯз Бобоаҳмадов, Лола Раҳимова, ҷавонони боистеъдод — Фаридуни Фарҳодзод, Шаҳзод Кенҷазода, Умед Фарҳодзода, Фарсимо Фаридунзода, Асалой Сархатзода ва дигарон хеле хушҳол шуда, бо худ чанд нусха китобу шумораҳои рӯзномаро ба Душанбе овардем.
Чун ҳоло мавсими обуна ба рӯзнома оғоз гардидааст, таманнои онро дорем, ки шумораи обуначиён биафзояд ва ба ҳайати рӯзномаи “Овози Самарқанд” дар ҷодаи пурмасъулият ва заҳматталаби рӯзноманигорӣ қалами сабзу бурдбориҳоро таманно дорам ва аз забони худи Баҳодур Раҳмонов (Убайдуллоҳ) гуфтаниям:
Ба ҳар як маҳфили халқи Самарқанд,
Ки ҳамроз аст “Овози Самарқанд”,
Чу дастархони мизи илму фарҳанг,
Дар эъҷоз аст “Овози Самарқанд”.
Зи мазмуни васеъаш кай шавӣ танг,
Ҷилояш дар назар зебову хушранг.
Садои халқро бошад ҳамоҳанг,
Хушовоз аст “Овози Самарқанд”!

Бо эҳтиром Насрулло ТУЙЧИЗОДА, шаҳри Душанбе

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ