Кредити таълимӣ: имкониятҳои нав барои донишҷӯён

Рӯзи 30-юми июл раисҷумҳури кишварамон қарори “Дар бораи афзудани имкониятҳои таҳсилот дар муассисаҳои таълими олӣ”-ро имзо кард, ки тартиби додани кредити таълимӣ ба манфиати донишҷӯён хеле тағйир ёфт.
Шерзод Суванкулов, ҷонишини раиси садорати вилоятии Бонки Марказӣ рӯзи гузашта дар нишасти матбуотӣ оиди бартариҳои кредити таълимӣ баъди қарори раисҷумҳур ҳарф зад.
Хӯш, кадом дигаргуниҳо метавонад боиси хушҳолии донишҷӯён шавад?

  1. Бонкҳо дар муддати 5 рӯз ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои донишҷӯи талабгор ба кредитро меомӯзанд ва ҷавоб медиҳанд. Пеш ин муддат 10 рӯз буд. Агар аризаи донишҷӯ рад шавад, бонк бояд сабабҳои онро дар номаи ҷавобӣ нишон диҳад.
  2. Муддати пардохти кредит баъди 7 моҳи хатми муассисаи таълими олӣ оғоз мешавад. Дар ин 7 моҳ донишҷӯ барои ҷустуҷӯи кори муносиб ба худ фурсат хоҳад дошт. Муддати пардохти кредит барои донишҷӯёни бакалавриат ва ҳам магистратура 7 сол аст.
  3. Агар ставкаи фоизи кредити таълимӣ баъди муддате боло равад, ин ба кредити гирифтаи донишҷӯ таъсир намекунад ва ӯ бар асоси ставкаи фоизе, ҳангоми кредит гирифтанаш дар амал буд, қарзашро пардохт мекунад. Агар ставкаи фоизи кредити таълимӣ кам шавад, дар ин сурат донишҷӯ низ бар асоси ҳамин ставкаи камшуда кредитро пардохт мекунад.
  4. Аз донишҷӯёне, ки оилаашон дар “Рӯйхати ягонаи ҳимояи иҷтимоӣ” сабт шудааст, кафил барои кредит талаб намешавад.

Ёдоварӣ: Кредити таълимӣ барои донишҷӯёни таҳсили рӯзона ва магистратураи муассисаҳои таълими олии давлативу ғайридавлатӣ ва шӯъбаҳои донишгоҳҳои хориҷӣ дар кишвар дастрас аст. Нафароне, ки бар асоси “суперконтракт” ба донишгоҳ дохил мешаванд, метавонанд аз соли дувум кредити таълимӣ гиранд.
Дар вилояти мо дар умум 63 шӯъбаи 11 бонк ба донишҷӯён кредити таълимӣ медиҳанд. Аз оғози соли ҷорӣ ин бонкҳо ба 224 нафар донишҷӯ дар умум ба арзиши 2 миллидарду 25 миллион сӯм кредит дод.

Умед Фарҳодзода

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ