Боз тирамоҳ ва боз грипп!

Омадани тирамоҳ натанҳо боду ҳавои хунукро, балки бемориҳои хунукро низ ҳамроҳ меоварад. Фаолтарини онҳо грипп буда, дар шароити пандемия ба он ҳаргиз беэътиборӣ набояд кард.

Грипп касалиест, ки хеле тез ва васеъ паҳн мегардад. Ин касалӣ қариб дар тамоми мамолики дунё ба назар мерасад. Он асосан дар мавсимҳои тирамоҳу зимистон бештар ба қайд гирифта мешавад.

Вируси грипп навъҳои А, V ва S-ро дорост. Онҳо асосан бавоситаи роҳи қатраҳои ҳаво вақте ки бемор атса медиҳад, месулфад ва аз наздик гап мезанад, ба дигар кас мегузаранд. Аломатҳои аввалини беморӣ дар мӯҳлати якчанд соат то се рӯз муайян мегардад ва баъд беморӣ сар мезанад.

Ба касалии грипп ҳама, новобаста аз сину солаш, моил мебошад. Алалхусус, одамони заифу нимҷон, баччаҳо, пирсолон ва занони ҳомиладор касали тез қабул мекунанд.

Грип бо илтиҳоби гулӯ оғоз гардида, баъдтар ба ноҳинҷориҳои зерин мерасонад:

  • Баланд шудани таб то 38-40 дараҷа
  • Дарди сар
  • Хушк шудани бинӣ
  • Ҷорӣ шудани оби бисёр аз бинӣ
  • Сулфа
  • Дард кардани мушакҳо
  • Беҳолӣ
  • Беиштаҳоӣ

Барои аз касалии грипп дур будан, бояд ба маслиҳатҳои зерин риоя намуд:

  • Бар зидди грипп эм кардани худ
  • Мувофиқи мавсум либос пӯшидан
  • Дар вақташ хӯрок хӯрдан ва хоб кардан
  • Ҷои зистро гоҳ-гоҳ шамол додан
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ