Маориф

Тақдимоти китоби “Ватани бахт” дар маҷмӯаи “Олами китоб”

Имрӯз дар арафаи ҷашни Истиқлолияти ватани маҳбуб дар маҷмӯаи маънавӣ-маърифатии “Олами китоби Самарқанд” тақдимоти маҷмӯаи шеърии “Ватани бахт” -и сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд”, доктори фалсафа доир ба илми фалсафа Баҳодури Убайдуллоҳ (Раҳмонов) баргузор гардид.






Тақдимот бо ҳамкории шӯъбаҳои вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон ва Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Маркази миллӣ-мадании тоҷикон ва тоҷикзабонони вилоят, таҳририяти рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” гузаронида шуд.
Дар он шоиру нависандагон, аҳли қалам, мухбири Агентии миллии иттилоотии” Ховар”- и назди ҳукумати Ҷумҳурияти Тоҷикистон Хушнуд Раҳматуллоев ва кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд. Дар анҷом видеоролике, ки ба муносибати 60 – солагии модари меҳрубон бахшида шудааст пешкаши иштирокдорони тадбир карда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ