Муаммоҳои иҷтимоиро ҳал накарда ба тараққиёт ноил гардидан мушкил аст

Дар солҳои охир давлат ба халқ наздик шуд, барои халқ кор карданро оғоз намуд. Корҳои амалишаванда ба мақсад ва вазифаҳои Ҳизби халқӣ-­демократии Ӯзбекистон мувофиқ меояд. Ҳизби мо, ки барпо намудани давлати демократиро мақсади олӣ медонад, дар интихоботи нав ба майдони муборизаи сиёсӣ барои татбиқи ғояҳои баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ, ҳамдилӣ ва демократия ворид гардид.
Адолати иҷтимоӣ дар дунё яке аз ғояҳои васеъ паҳнгардидаи иҷтимоист. Онро метавон ба қатори арзишҳои умумиинсонӣ дохил кард. Мазмуни аниқ, номгузории адолати иҷтимоӣ дар давоми таърих борҳо дигаргун шудааст. Он дар асл баробарии тамоми шаҳрвандон дар назди қонун, таъмини кафолатҳои ҳаёт ва зиндагонии инсон, дараҷаи баланди ҳимояи иҷтимоӣ, бо кор таъмин гардидани ҳар як инсоне, ки лаёқати кор дорад, музди меҳнати муносиб гирифтани ӯ, аз таълим, ҳифзи тандурустӣ, маданият ва варзиш баҳраманд гардидани шаҳрвандон, ҳимояи иҷтимоии шахсони ногироидошта ва бачагони ятим, инсонҳои камбизоат барин омилҳоро дар бар мегирад. ҲХД-и Ӯзбекистон низ чунин ғояҳоро пеш мебарад.
Дар мавридаш таъкид намудан лозим, ки дар Барномаи пешазинтихоботии номзад ба Президентии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз ҳизби мо Мақсуда Ворисова ба ҳамин масъалаҳо эътибори васеъ дода шуда, равияҳои мазкур ба мақсад ва вазифаҳои барномавии ҲХД-и Ӯзбекистон пурра мувофиқ меояд.
Имрӯз мақсади асосии ислоҳот беҳтаргардонии ҳаёти халқ, фаровонҳолии шаҳрвандон, рушдёбӣ, бо корҳои бунёдкорӣ фаъол машғул гардидани онҳо, ноил гардидан ба ғанигардонии мазмуни зист иборат аст. Ҷамъияти боадолат ҳамеша ҳимояи қисми ба ҳимояи иҷтимоӣ мӯҳтоҷи аҳолиро ба зиммаи худ мегирад. Ҷамъият доимо пеш меравад ва дар баробари он шуур ҳам беист дигаргун шудан мегирад.
Дар Барномаи пешазинтихоботии ҳизбамон муттасил афзудани шуғл ва даромади воқеии аҳолӣ, музди моҳона, зина ба зина афзудани пенсия ва нафақаҳои иҷтимоӣ, такмилдиҳии сохтори таълим ва ҳифзи тандурустӣ, афзудани фаъолии иҷтимоӣ-­сиёсии занону духтарон, барпо намудани хонаву ҷойҳои арзон, дар деҳаҳо рушд додани инфрасохторҳои иҷтимоӣ, такмил додани сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон, рушди соҳаи иҷтимоӣ ҳамчун равияҳои устувор нишон дода шудаанд. Маълум, ки дар равияи чаҳоруми Стратегияи ҳаракатҳо доир ба рушди устувори Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2017–2021 айнан рушди соҳаи иҷтимоӣ дар назар дошта шудааст. Аз ҳамин сабаб, ҳизб чунин мешуморад, ки дар ҷараёни гузаштан ба иқтисодиёти бозорӣ то даме, ки сохтори кафолатноки дастгирии иҷтимоии қисми ба ҳимоя мӯҳтоҷи аҳолӣ ба вуҷуд оварда нашавад, ин ба мушкилоти вазнини иҷтимоӣ оварда мерасонад.
Имрӯз кишварамон ба зинаи нави тараққиёти худ баромад. Дар сиёсати иҷтимоӣ ба таҷрибаҳои бузурги солҳои истиқлолият такя намуда, анъанаҳои мавҷударо муттасил идома дода, қадамҳои нав ба нав гузошта истодааст. Аз ҷумла, дар мамлакатамон барои аҳолии камбизоат ва ба аҳволи вазнин дучоргардидаи аҳолӣ барпо намудани хонаву ҷойҳои арзон вазифаи электорати ҳизб ба ҳисоб рафта, инсонпарварона будани онро нишон медиҳад.
Аз ҳама муҳимаш, дар навбати аввал дар ҳоли ба назар гирифтани манфиатҳои қисми ба хонаву ҷой ниҳоят мӯҳтоҷи аҳолӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар тамоми минтақаҳои мамлакатамон сохтмони хонаҳои намунавии духолии деҳот, инчунин, хонаҳои бисёрқабатаи ду-сеҳуҷрадор боҷадал идома дорад.
Халқамон аз азал ҳамеша адолатро қадр менамояд. Адолат, дар асл фаҳмиши иҷтимоии фалсафӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Дар шуури сиёсии шахсон нақши калон мебозад. Фаҳмиши адолат бо шарту шароит ва муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодии аниқи таърихӣ муайян карда мешавад. Ҷиҳати фалсафиву иҷтимоии адолат баробарии муносибатҳои гуногуни байниҳамдигарии дар байни аъзоёни ҷамъият мавҷудбударо дар назар дорад. Ҷиҳати ахлоқии он дар муомилаи байни инсонҳо муносибати якхела намудан, ба иззати нафси якдигар нарасидан, ба қоидаҳои одобу ахлоқ риоя намуданро мефаҳмонад. Ҷиҳати ҳуқуқии адолат ба қонунҳо риоя намудан, тарафи сиёсии он бошад дар асоси қоидаҳои адолат идора намудани давлатро дар бар мегирад.
Дар ҷамъияти рушдёфта адолат аз одамон дар асоси қонунҳои демократӣ кор бурданро тақозо мекунад. Дар он ҳар як инсон аз ҳисоби меҳнат, тадбиркории худ, молу мулки ба туфайли ақлу заковат ёфтааш зиндагӣ мекунад. Давлат дар фаъолияти худ аз ҷониби шаҳрвандон риоя гардидани қоидаву қонунҳои адолатро назорат мекунад. Дахлнопазирии молу мулки аъзоёни ҷамъият ва баробарии онҳоро дар назди қонун таъмин месозад. Кушоду равшан гӯем, дар устувории адолати иҷтимоӣ, бо кори муносиб таъмин намудани ҷавонон, аҳолӣ, истифодабарӣ аз имкониятҳои таълим гирифтан, ҳифзи тандурустӣ баъзе камбудиҳо вуҷуд доранд. Мақсади мо аз пурра барқарор намудани адолати иҷтимоӣ иборат аст.
Дар мамлакати иқтисодиёти бозораш амиқгардида аҳамияти ҳимояи иҷтимоӣ, бешубҳа, баланд мебошад. Инро таҷрибаи ҷаҳонӣ низ исбот намуд. Оқибатҳои муаммоҳои иҷтимоиро ҳал кардан, инқирози иҷтимоиро нарм намудан чӣ? Ин қувваи хеле бузург вақт, аз ҳама муҳимаш, дуру дароз фикр карда, сиёсати оқилона бурданро талаб мекунад.
Ба бисёриҳо маълум, ки дар баъзе мамлакатҳо дар натиҷаи беэътиборона нигаристан ба ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ, масъалаҳои иҷтимоӣ норасоиҳои хеле калони иҷтимоиро ба вуҷуд овардааст. Дар давлатҳои Шарқи Наздик ва Амрикои Лотинӣ ба муқобили нобаробарии иҷтимоӣ, бекорӣ, ноадолатӣ, коррупсия намоишҳои норозигӣ оғоз ёфта, охираш нонамоён аст. Сабаб ва мақсадҳои намоишҳои идомадошта аз якдигар фарқ мекунанд, аммо баъзе ҷиҳатҳои онҳоро ба ҳам пайвасткунанда, яъне ҷиҳатҳои адолати иҷтимоӣ, кафолати ҳимояи иҷтимоиро дар назардоштаи он мавҷуд аст. Қариб 60 дарсади аҳолии Шарқи Наздик ҷавонони аз 30‑сола хурданд.
Бисёр будани шумораи ҷавонон барои манфиати мамлакат хизмат мекунад. Аммо иқтисодиёт, сохтори таълим, институтҳои давлатӣ манфиати ҷавононро қонеъ нагардонад, онҳо барои амалинамоии орзуву умедҳои худ роҳ ёфта наметавонанд. Тавре аз мисолҳо аён мегардад, барои ба вуҷуд омадани муаммо нобаробарии иҷтимоӣ, беадолатӣ сабаб мешавад. Яъне, ҷамъияти боадолат ҳамеша ҳимояи манфиати табақаи эҳтиёҷманди аҳолиро бояд ба зимма гирад. Вожаи «адолат» дар давоми ҳазорҳо сол бо инсон ҳамроҳ мебошад. Дар давоми асрҳо одамон барои адолат мубориза бурдаанд, қурбониҳои бемисл додаанд. Дар бораи адолат хеле зебо ва дуру дароз ҳарф задан мумкин. Аммо гап дар зебо ва дуру дароз сухан гуфтан не, балки дар он аст, ки адолат дар ҳаёт ҷорӣ карда шавад. Халқ ба ҳама чиз тоқат карданаш мумкин, аммо ба беадолатӣ тоқат карда наметавонад. Ғояи ҳукмдори одил, роҳбари боадолат аз Форобӣ ва Навоӣ сар карда, боз барои мутафаккирони зиёди бузургамон идеали маънавӣ гардидааст.
Дар асари аз қадим дар Шарқ машҳури «Сиёсатнома» нишон дода шудааст, ки вазифаи асосии подшоҳ, ҳоким, амир ва бекҳо, қозию қузот, ба забони замонавӣ гӯем, роҳбар «аз он иборат аст, ки бузу гӯсфандҳоро аз гург­ҳо муҳофизат карда, дастҳои ҳаромро бурида, рӯйи заминро аз бадиҳо тоза ва ҷаҳонро бо адолату осоиштагӣ обод намояд».
Ҳизби мо тавассути вакилони органҳои қонунбарор пеш бурдани ғояҳои баробарии иҷтимоӣ ва адолати шаҳрвандонро, ба мисли меҳнат кардан, истироҳат, ҳар сол ба таътили пардохтшаванда баромадан, ба вуҷуд овардани шароитҳо, амалинамоии ҳуқуқҳои конс­титутсионии дар муҳофизати иҷтимоӣ будан, дар сурати бекормонӣ, ҷорӣ намудани камтарин музди кафолатноки меҳнат, пенсия ва нафақаҳои барои таъминоти ҳаётии инсон зарур идома медиҳад.
Мувофиқи маълумоти ташкилоти байналхалқии меҳнат, дар айни ҳол 55 дарсади аҳолии дунё аз ҳимояи иҷтимоӣ маҳрум буда, танҳо 29 фоизи он имконияти истифода аз таъминоти иҷтимоии комплексиро дорад. 68 дарсади пиронсолони синни нафақа аз нафақаи пиронсолӣ бархурдоранд. Ин бошад нишондиҳандаи он аст, ки дар бисёр давлатҳо таъминоти пенсияи ҷамъшаванда ва ҳам суғуртавӣ ба таври кофӣ ривоҷ наёфтааст.
Боз як муаммои вазнин, афсӯс ки дар асри тараққиёфтаи XXI низ ҳуқуқи ба ҳифзи тандурустӣ доштаи инсонҳо дар минтақаҳои зиёди дунё ҳанӯз ба ҳақиқати реалӣ табдил наёфтааст. Ин, бахусус, ба деҳоте тааллуқ дорад, ки 56 дарсади аҳолии он аз имтиёзи мазкур маҳруманд. Яъне, дар Ӯзбекистон низ дар ин бора мавзӯъҳое, ки бояд муҳокима ва ҳал карда шаванд, ҳастанд.
Бо дарназардошти ҳаминҳо, ҳизб ба ғояи демократияи иҷтимоӣ бовар мекунад, ки дар ҷамъият, бешубҳа, ҳимояи иҷтимоии аҳолиро таъмин хоҳад кард. Ин ғоя барои афзудани дараҷаи шуғли аҳолӣ, ташкил намудани ҷойҳои корие, ки музди муносиб мепардозад, инчунин, ба дараҷаи кофӣ таъмин намудани эҳтиёҷоти зарурии ҳаётии аҳолӣ хизмат мекунад. Дар он ба кафолатнокии таъминоти иҷтимоӣ ва нафақаи аҳолӣ низ аҳамияти муҳим дода мешавад. Дар чунин ҷамъият дастгирии шахсони ногироидошта, бепарастор, пиронсолони танҳо, модарони серфарзанд, умуман, табақаҳои ба кӯмак мӯҳтоҷ вазифаи устувор ҳисоб меёбад. Маълум ки дар Консепсияи рушди комплексии иҷтимоӣ-­иқтисодии Ӯзбекистон то соли 2030 ба қатори мамлакатҳои рушдёфтаи миёнаи дунё дохил намудан чун мақсади асосӣ нишон дода шудааст. Ҳизб чунин меҳисобад, ки дар тамоилҳои ноил гардидан ба мақсади мазкур, дар навбати аввал бояд манфиатҳои қисми ба ҳимояи иҷтимоӣ ва дастгирии иҷтимоӣ мӯҳтоҷи аҳолӣ ба ҳисоб гирифта шавад.
Тамоми ин мақсад ва вазифаҳо барои рушди соҳаи иҷтимоӣ, боз ҳам афзудани дараҷаи зисти аҳолӣ хизмат мекунад.

Ӯктам СУЛАЙМОНОВ,
ҷонишини раиси Шӯрои вилоятии ҲХД-и Ӯзбекистон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ