Эъзози пиронсолон – қарзи инсонӣ

Бо қарори Девони Вазирон, дар вилояти Самарқанд низ зери ғояи «Эъзози пиронсолон, ба онҳо ҳурмату эҳтиром нишон додан – фазилати неки ба халқамон хос» «Ҳафтаи пиронсолон» оғоз ёфт.
Аз ҷумла, нурониёни шаҳри Самарқанд дар ҳоли тарғибнамоии тарзи зисти солим ба ҷавонон ибрат гардида, субҳи барвақт ба боғу хиёбонҳо барои сайру пиёдагардӣ баромаданд.
Баъд аз он, дар «Маскани нурониён»-и шаҳр вохӯрии вакилони авлоди пиронсолон бо ҷавонон баргузор шуд.
Ҷонишини сардори Садорати дастгирии маҳалла ва оилаи вилоят оид ба пиронсолон ва фахриён С.Усмонов дар бораи ислоҳоти дар мамлакатамон оиди дастгирии ҳарҷонибаи авлоди пиронсол, амалишаванда таъмини осудагиву осоиштагии онҳо дар оила ва маҳаллаҳо, инчунин, дар руҳи анъанаҳои бисёрасринаи халқамон доир ба тарбияи ҷавонон ҳарф зад. Дар доираи ҳафтаи мазкур оиди корҳои амалишаванда, чун аёдати нурониён, дастгирии онҳо аз ҷиҳати моддиву маънавӣ, ҳурмату эҳтиром нишон додан таваққуф карда шуд.
– Ҳафтаинаи мазкур, ки ба ҳурмат нишон додан ба файзи хонадонҳоямон, яъне пиронсолон, дастгирии ҳарҷонибаи онҳо, боз ҳам афзудани фаъолии иҷтимоии онҳо дар ҷамъият нигаронида шудааст, бешубҳа, дар сатҳи баланд хоҳад гузашт, – гуфт С.Усмонов.


Дар ноҳияи Каттақӯрғон низ тадбирҳои ҳафтаина бо вохӯрӣ дар «Маскани нурониён» ва намоишгоҳ таҳти унвони «Пиронсолӣ – фасли аҷоиби ҳаёт» оғоз ёфт.
Дар тадбир падарону модарони нуроние, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ фаъол иштирок доранд, фаъолони маҳалла, вакилони ҳокимияти ноҳия ва шӯъбаи дастгирии маҳалла ва оила, ҷавонон ширкат намуданд.
Дар давоми ҳафтаина хабар гирифтан аз ҳоли 1114 нафар пиронсолони ба кӯмак мӯҳтоҷи вилоят, 194 нафар занони ногироидошта, 18 нафар иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, 986 нафар фахриёни ақибгоҳи ҷанг, 53 нафар шахсони аз 100‑сола боло, инчунин, пиронсолони хонаҳои «Саховат» ва «Мурувват», ба онҳо супурдани воситаҳои реабилитатсионӣ ва тӯҳфаҳо ба назар гирифта шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ