Барандагони Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика эълон шуданд

Кумитаи Нобел барандагони ҷоизаи бахши физикаро дар соли 2021 эълон кард. Дар ин соҳа Сюкуро Манабе, Клаус Ҳасселман ва Ҷорҷио Париси барои «саҳми инноватсионӣ дар фаҳмидани системаҳои мураккаби физикӣ» мукофотонида шуданд.

«Нисфи ҷоизаи нақдии Нобел дар соҳаи физика ба Сюкуро Манабе, Клаус Ҳасселман ва нисфи дигар ба Ҷорҷио Париси дода шудаанд», — гуфта мешавад дар кумита.

Қайд карда мешавад, ки олими олмонӣ Клаус Ҳасселман ва Сюкуро Манабеи амрикоӣ ҷоизаи «барои моделсозии физикии иқлими Замин, таҳлили миқдории тағйирот ва пешгӯии боэътимоди гармшавии ҷаҳонӣ» -ро ба даст овардаанд.

Ҳасселман дар Институти метеорологияи Макс Планк дар Гамбург кор мекунад, Манабе дар Донишгоҳи Принстони ИМА кор мекунад. Ҳарду чаҳоряки арзиши умумии 10 миллион крон шведиро (тақрибан 286,6 ҳазор доллар) мегиранд.

Ҷорҷио Паризии итолиёвӣ, ки дар Донишгоҳи Сапиентсаи Рум кор мекунад, ҷоизаро «барои кашфи вобастагии бесарусомонӣ ва ларзиш дар системаҳои физикӣ» дарёфт кард. Ӯ нисфи ҷоиза — 5 миллион крон ё 573,2 ҳазор долларро соҳиб хоҳад шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ