Маҳсулотҳое, ки рафъи гуруснагиро мусоидат мекунанд


Парҳезшиносон барои беҳбудии мубодилаи моддаҳо ва нигоҳ доштани миқдори шакар дар бадан кам-кам ва зуд-зуд хӯрок истеъмол карданро тавсия медиҳанд. Барои ин гуруснагиро бо маҳсулотҳои муфид қонеъ кардан лозим аст. Дар зер мо ба маҳсулоти табииӣ диққат медиҳем, ки онҳоро ҳамчун алтернатив бо маҳсулотҳои қаннодӣ, чипсҳо ва сэндвичҳо истеъмол кардан мумкин аст.

✅ Чормағз
Чормағз аз оқсил, калий, магний, фосфор, витамини Е ва В3 бой аст. Ин моддаҳо касалиҳои дилро пешгирӣ намуда, хотираро мустаҳкам мекунад.

✅ Панир (сыр)
Панир яке аз маҳсулотҳои фоиданок ва серғизо ҳисоб меёбад. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки баробари бой будан бо чарбҳои тофта миқдори холестерини хунукро дар бадан зиёд намекунад.

✅ Меваҳо
Дар таркиби меваҳо калория он қадар бисёр набошад ҳам, ҳисси гуруснагиро рафъ мекунад. Барои ҳамин меваҳоро ҳамроҳ гирифта гаштан тавсия карда мешавад. Танҳо меваҳоеро, ки дар таркибаш глюкоза бисёр нест, аз ҷумла банан, ангур, хурмо ва анҷирро бештар истеъмол намоед.

✅ Тухми ҷӯшонида
Тухми ҷӯшонида одамро сер нигоҳ медорад. Он дорои хусусияти кам кардани калорияҳои истеъмолшуда мебошад. Дар натиҷаи тадқиқоте, ки аз ҷониби донишгоҳи Коннектикут гузаронида шуд, аён гашт, ки истеъмоли тухм бемориҳои дилро пешгирӣ мекунад. Ғайр аз ин, тухм кони витамини К2 ва В12 ва оқсил ҳисоб меёбад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ