Шаҳзодаи Дубай ба Ӯзбекистон омад

Шаҳзода Шайх Ҳамдан бин Муҳаммад Ол Мактум ба вилояти Навоӣ ташриф овард. Дар ин бора шаҳзода ба саҳифаи инстаграми худ хабар гузоштааст.

Аз рӯи суратҳои гузоштаи Муҳаммад Ол Мактум маълум аст, ки ӯ ба маскани нигаҳбонии қашқалдоқҳо, ки ба Аморати Муттаҳидаи Араб тааллуқ дорад, омадааст.

Соли гузашта ҳам, айнан дар моҳи октябр шаҳзода ба вилояти Навоӣ омада буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ